Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ё Узбакистон - кӣ мизбони Эрон ва Саудӣ мешавад?


Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми март қарор кард, ки бозиҳо миёни дастаҳои эронӣ бо тимҳои Арабистони Саудӣ дар Лигаи қаҳрамонони Осиё, дар кишвари савум баргузор мешаванд.

Тибқи иттилои Конфедератсияи футболи Осиё, бозиҳо миёни дастаҳои эронӣ ва тимҳои Арабистони Саудӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, дар кишвари бетараф баргузор мешаванд.

Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осия дар моҳи январ тасмим гирифта буд, ки агар равобити Арабистони Саудӣ ва Эрон то рӯзи 15-уми март ба ҳолати оддӣ барнагардад, мусобиқоти дастаҳои ин ду кишвар дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, дар кишвари савум доир мешавад.

Конфедератсияи Футбол Осиё гуфтааст, ки "ниҳоят ҷои таассуф аст, ки КФО маълумот ба даст овард, то ин лаҳзаҳо ҳукумати Арабистони Саудӣ мамониати сафари шаҳрвандони худ ба Эронро лағв кардааст."

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи мусобиқоти Лигаи футболи Эрон эълон кардааст, ки ба эҳтимоли зиёд ду кишвар -- Тоҷикистон ва Узбакистон гузинаҳои пешниҳодии Эрон барои мизбонии намояндагони Эрон аз тимҳои Арабистони Саудӣ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир масъулони футбол ва ҳамчунин се бошгоҳ -- "Тракторсозӣ", Сипоҳон" ва "Зуби Оҳан Исфаҳон" ҳанӯз ҳеҷ вокунише ба ин қарори Конфедератсияи футболи Осиё нишон надодаанд. Аммо ба навиштаи хабаргузории "Форс", ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ва Узбакистон гузинаҳои эҳтимолӣ барои мизбонии тимҳои эронӣ аз дастаҳои Арабистони Саудӣ мебошанд

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки аз Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонон ҳеҷ дастае бозӣ намекунад, мумкин аст натавонад мизбони дастаҳои эронӣ шавад ва интихоби аслӣ Узбакистон хоҳад буд.

Бархе мақомҳои варзишӣ дар Арабистони Саудӣ қаблан таъкид карда буданд, ки тимҳои футболи ин кишвар дар Эрон бозӣ нахоҳанд кард ва ба гуфтаи онҳо, Конфедератсияи футболи Осиё бояд бозиҳои дастаҳои ду кишварро дар замини бетараф баргузор кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шуда буд, ки қуръакашии гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё анҷом шуд ва дастаҳои "Тракторсозӣ"-и Табрез ва "Зуби Оҳан"-и Исфаҳон мизбони рақибони худ "Ал-Ҳилол" ва "Ан-Наср" аз Арабистони Саудӣ ҳастанд.

Рӯзномаи "Ар-Риёз"-и Арабистон қаблан ба нақл аз раиси Кумитаи олимпии он кишвар навишт, бинобар адами пойбандии Эрон ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар ҳифзи сафоратхонаҳо ва ҷойҳои дипломатӣ, чигуна метавонем тимҳои худро ба Эрон бифиристем. Амният ва саломатии бозикунон барои мо муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст.

Баъд аз он, ки раиси тими "Ал-Ҳилол" таъкид кард, ки дастааш дар Табрез ба майдон нахоҳад рафт, тими "Ан-Наср"-и Арабистони Саудӣ ҳам аз Конфедератсияи футболи Осиё хост, ки бозӣ бо "Зуби Оҳан"-ро дар майдони бетараф баргузор кунад.

Арабистони Саудӣ пас аз ҳамлаҳои рӯзи 2-уми январ ба сафорат ва консулгариаш дар Теҳрон ва Машҳад, робитааш бо Ҷумҳурии исломии Эронро қатъ кард. Ҳамла ба сафорат ва консулгарии Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ва Машҳад ба дунболи эъдоми рӯҳонии саршиноси шиаи арабистонӣ Нимр Боқир Ан-Нимр сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG