Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба бонкҳо: Вомбаргҳои Русияро нахаред


Роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ба бонкҳои аврупоӣ муроҷиат карда, хостааст, аз харидории вомбаргҳои давлатии Русия худдорӣ варзанд. Дар ин бора нашрияи Financial Times бо такя ба сарчашмаҳояш хабар додааст.

Тавре нашрия менависад, расман вомбаргҳо шомили таҳримҳо намешаванд, аммо Иттиҳоди Аврупо намехоҳад, ки бонкҳо бо харидани вомбаргҳои Русия ба иқтисоди ин кишвар кумак кунанд.

Вазири молияи Русия пештар хабар дода буд, ки дар буҷаи соли 2016 ин кишвар дар ҳаҷми то 3 миллиард доллар қарзи хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Москва эълон кард, ки вомбаргҳояшро мефурӯшад ва ба бонкҳои бузургтарин Амрико, Аврупо ва Осиё пешниҳод кард, ки ин вомбаргҳоро бихаранд. Маблағи бадастомада бояд барои пӯшонидани касри буҷаи соли 2016 истифода шавад.

Охири моҳи феврал ИМА ба бонкҳои амрикоӣ тавсия дод, ки аз харидани вомбаргҳои Русия худдорӣ варзанд. ИМА гуфт, харидории ин вомбаргҳо хилофи таҳримҳои эълоннамудаи кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия аст.

XS
SM
MD
LG