Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кабӯтар аз Русия ба Тоҷикистон...ихроҷ шуданд


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бидуни санади расмӣ ду кабӯтарро дар бағоҷи худ аз Тоҷикистон ба Новосибирски Русия бурдааст, дар фурудгоҳи ин шаҳр боздошт шудааст.

Маркази матбуоти Идораи назорати кишоварзии Русия дар шаҳри Новосибирск ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ба далели набудани ҳуҷҷатҳо дар бораи саломатии паррандагон ин ду кабӯтар дубора тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Новосибирск як мусофир, ки дар бағоҷаш ҷасади хушкшудаи тимсоҳи навъи нодири теғадорро кашф гардид, боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG