Пайвандҳои дастрасӣ

Фейсбуку Твиттер дар Туркия масдуд шуданд


Дар пайи мунташир шудани аксу видео аз маҳали инфиҷор дар шаҳри Анқара дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет додгоҳи Туркия зимни як қарор Фейсбук ва Твиттерро масдуд кардааст.

Бино ба иттилои CNN Turk ва NTV news, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии Интернет аз мушкили дастрасӣ ба торнамоҳо хабар додаанд.

Тибқи иттилои ахир, бар асари амали террористии шоми гузашта дар шаҳри Анқара 34 нафар кушта ва 125 нафар захмӣ шудаанд.

Қаблан низ баъди пайдошудани акси додситони турк дар асорати ҷангиён ҳукумати Туркия Фейсбук, Твиттер ва YouTube-ро масдуд карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG