Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии «Нафит Ал-Васат» ва «Истиқлол» дар Теҳрон доир мешавад


Сардовари бозӣ миёни дастаҳои "Нафит Ал-Васат" ва "Истиқлол", ки дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад, Суҳбир Сингҳ аз Сингапур таъйин шудааст.

Бозии даври севуми Ҷоми AFC-2016-ро дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои «Нафит Ал-Васат» –и Ироқ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон Суҳбир Сингҳ аз Сингапур доварӣ мекунад. Сингҳи 33-сола аз соли 2009 довари ФИФА мебошад.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар дод. Ӯ афзуд, “Арун Пилаи ва Асит Саркор, ҳарду аз Ҳиндустон, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Сауд Алӣ Ал-Адба аз Қатар вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Авнӣ Абдулкарим Саид Ҳусейн аз Урдун нозири доварон ва Муҳаммадризо Касроӣ аз Эрон комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.”

Бозии «Нафит Ал-Васат» – «Истиқлол» рӯзи 15 март дар майдони бетараф – дар Эрон – баргузор мешавад. Дастаи «Истиқлол» 13 март ба Теҳрон сафар мекунад.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол», қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 бозиро бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. Ин бозӣ 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд.

«Истиқлол» дар даври дувум аз дастаи мизбон - «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ 8 март дар варзишгоҳи “Триполи”-и шаҳри Триполи баргузор шуд. Александр Каблаш, легионери украинии “Истиқлол”, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 55-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди се дақиқа Абдул Азиз, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Триполи”-ро Валид Фаттоҳ дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” дастаи «Ал-Файсалӣ» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Нафит Ал-Васат» ва “Триполи” бо 3- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои дувуму севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Ҷоми АFC-2016

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Ал-Файсалӣ»

2

1

1

0

2-1

4

2.

«Нафит Ал-Васат»

2

1

0

1

2-2

3

3.

«Триполи»

2

1

0

1

2-2

3

4.

«Истиқлол»

2

0

1

1

1-2

1

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

XS
SM
MD
LG