Баъд аз зӯҳри ҷумъаи 11 март Элизабет Инга Миллард, сафири нави ИМА дар "Қасри Миллат" ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, эътимоднома супурд.
Элизабет Миллард дипломати собиқадор буда, аз соли 2013 ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико кор мекард. Ӯ дар гузашта, тайи солҳои 2011-2013, муовини раҳбари намояндагии сафорати Амрико дар Остона, пойтахти Қазоқистон, низ будааст.
Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон қаблан дар сафоратҳову консулгариҳои Амрико дар Марокаш, Непал ва Ҳиндустон ҳам кор кардааст. Аммо таҷрибаи дипломатии ӯ аз кор дар Ҷумҳурии Чех ва Дания оғоз мегирад. Элизабет Миллард унвони баклаврро аз Мактаби иқтисодии Лондон ва унвони магистрро аз Мактаби пажӯҳишҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико ба даст овардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими вижа 9 сафири дигар, аз ҷумла, сафирони Белорус, Туркманистон, Шветсия ва Ирландия ба президенти Тоҷикистон эътимодномаҳои худро таслим кардаанд.
Президент Раҳмон зимни муборакбодии сафирон барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон, сиёсати ин кишварро "мутавозину сулҳхоҳона ва санҷидаю фарогир бо тамоми кишварҳои дӯсту хайрхоҳ", арзёбӣ кардааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки сафирон барои ба сатҳи нав баровардани муносибот ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳояшон бо Тоҷикистон, ҷиддан талош хоҳанд кард.