Сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта натавонистанд рисолати худро дар баробари кормандон иҷро кунанд ва аз ин рӯ дар баробари онҳо эҳсоси хиҷолат доранд. Сардабирон мегӯянд, саривақт пардохт нашудани маошҳо, нотавонӣ дар баробари ҳимояти зердастон аз боздошту таҳқирҳо, нашр нашудани матлабҳо бо далели худсонсурӣ аз омилҳое будаанд, ки сардабиронро хиҷолатзада кардаанд.
Хуршеди Атовулло,сардабири нашрияҳои “Фараж”,”Самак” ва “Ману ту ” мегӯяд: “Вақте корманди маро бо баҳонаву тӯҳмати сохта ба зиндон мебаранд ва аз дасти ман чизе намеояд ва ҳар асноде, ки мо пешниҳод мекунем ба зеҳни додрасҳои Тоҷикистон намедарояд, ман худро рӯҳафтода эҳсос мекунам. “
Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло ӯ бо дидани “ҳоли зор”-и зердастонаш, ки барои ҳалли мушкилашон дасти кӯтаҳ дорад, рӯҳан азоб мекашад: “Вақте мебинам, ки баъзе нашрияҳои ман азҷумла "Самак"-ро бе ягон асос ба суд медиҳанд ва ҳамаи навиштаҳои мо дар ин маврид беҳуда аст, ҳайрон мешавам, ки магар журналистика нақши худро дар ҷомеа анҷом додааст ё ба касе дигар даркор нест? ”- меафзояд ҷаноби Атовулло.
Хуршеди Атовулло мегӯяд, дарки ин воқеият, ки журналистикаи тоҷик ба марги тадриҷӣ маҳкум шудааст ва коре барои беҳбуди вазъ карда наметавонад, умедашро ба ин касб аз даст медиҳад.
Нозирони вазъи матбуот ҳам як соли ахирро барои расонаҳои мустақили Тоҷикистон соли бисёр душвор мешуморанд. Нашрияҳо дар пайи бӯҳрон ҳудудан 50 дар сади хонандаҳои худро аз даст доданд ва дар ҳоле ки ҳукумат бо сармоягузории нашрияҳои худ "тираж"- и онҳоро бамаротиб боло боло бурдааст, нашрияҳои хусусӣ дар вартаи муфлисшавӣ қарор доранд.
Шарифи Ҳамдампур, яке аз "медиамагнатҳо"-и Тоҷикистон мегӯяд, ки бо ин шароити бӯҳронӣ наметавонад маоши кормандонашро боло бубарад. "Дар корхонаи ман 40 нафар кор мекунанд, ки ҳамагӣ оилаву фарзанд доранд ва зиндагии хуб мехоҳанд. Онҳо ягон манбаи дигари даромад надоранд. Вақте онҳо барои ҳалли мушкилоти молии худ аз ман кӯмак мехоҳанд, ман ба онҳо пул дода наметавонам, нороҳат мешавам ва намедонам сарамро ба куҷо занам.”- мегӯяд Шарифи Ҳамдампур.
Коршиносон ба ҷанбаи дигар ҳам таъкид мекунанд, ки расонаҳои мустақилро дар бунбаст ворид кардааст. Онҳо мегӯянд пас аз баргузории интихоботи парулмонӣ ва баъдан даргириҳои моҳи сентябри соли 2015, ки мақомот аз он ҳамчун кӯшиши табаддулоти давлатӣ ном мебаранд, фазо барои плюрализими сиёсӣ танг шуд ва дар маҷмӯъ ҳудуди 20 рузноманигору фаъоли ҷомеаи журналистӣ мавриди фишор қарор гирифтанд.
Гулнора Амиршоева, муассиси нашрияи “Вечерний Душанбе” мегӯяд, ки кайҳо боз маҳдудияти матбуоти Тоҷикистонро оромона қабул мекунад, аммо мегӯяд, лаҳзаҳое мешавад, ки дигар косаи сабраш лабрез мегардад ва ӯ мехоҳад фарёд занад. “Вале, боз ба худ меоям ва сари он андеша мекунам, ки ман хабарнигори маъмулӣ нестам, ки барои мисол дар чаҳорчуби кадом як барномае ба Амрико биравам ва он ҷо бимонам. Ман аллакай кордиҳанда ҳастам ва дар баробари наздикону кормандони худ масъулият дорам”- меафзояд Гулнора Амришоева.
Аз таъсиси “Вечерний Душанбе” рӯзи 11-уми март панҷ сол пур мешавад, аммо Гулнора Амиршоева аз он мутаассиф аст, ки бинобар камбуди молӣ, наметавонад ин санаро ҷашн бигирад ва ба ҳамкоронаш “идона ” бидиҳад.
Барои Абдуазими Абдуваҳҳоб, сардабири нашрияи “Нигоҳ”, аламовар аст, ки эътимоди мардум ба матбуот костааст ва ба гуфтаи ӯ дар шаҳри миллионнафарӣ ҳатто ду ҳазор нафаре пайдо намешавад, ки ҳафтаномаҳоро бихарад: ”Хеле аламовар аст, вақте ба сухан ва навишатҳоят бовар надоранд, миёни “Нигоҳ”-у дигар расонаҳо фарқ намегузоранд ва фикр мекунанд, ки ҳама фурӯхташудаанд. Шояд дар байни журналистон ва расонаҳо нафаре бошад,ки суханаш дар ҷомеа боиси эътимод нест. Ҳангоме ки туро дар баробари онҳо мегузоранд, воқеан нороҳаткунанда аст.”- мегӯяд Абдуазими Абдуваҳҳоб.
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 11-уми март ба унвони рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад. Аммо ҷашни имсола дар шароите баргузор мегардад, ки ҳамсӯҳбатҳои мо онро соли “ҷонкании” матбуоти тоҷик ном мебаранд.
Дар хакикаи журналистон барои аз хама маълумот вокиф гардонидани мардум сахми арзанда доранд. Онхо харакат мекунанд, як маълумоти наверо хох он аз дохил хох он аз хоричи кишвар бошад, дастрас намоянд ва ба мардум расонанд. Кори журналисти хам захмати бисёри мехохад, агар у журналисти хакики бошад. Озодии баён аз чумла фаъолияти журналистон дар Точикистон ва дигар кишвархои Чахон тибки конунхо, аз чумла конуни матбуот ба танзим дароварда шудааст ва хар журналиист хукук дорад пурра аз имконияитхои додаи конун истифоа барад. Муттаасифона хастан журналистоне, ки маълумоти дастрас намударо тахлил ва ё тахкик накарда, онро расонаи мекунанд. Бояд хар як журналист пеш аз он, ки як маълумотро ба мардум расонаи мекунад, бояд онро дакик тахлил кунанд, ки оё вокеият дорад ё не, сарчашмаи хабари дастраскардашро бояд донад ва онро санчад. Бояд харакат кунанд, ки бо хабари бардуруг ба иззати нафси касе дигар нарасанд ва ё хукукхои дигаронро беасос поймол накунанд. Дар мавриди ба чавобгари, аз чумла ба чавобгарии чинояти кашидани журналистон хаминро кайд кардан зарур аст, ки вактхои охир агар ягон журналистро ба чавобгари кашанд, сараавал ба фаъолияти касбии у бахо медиханд, ки ин мутлако нодуруст аст. Фаромуш накунед, ки духтуру муаллим, савобгару бозонишин, дехкону подабон, хатто вазиру раис ва суду прокурору милиса хам чиноят содир мекунанд, лекин на хама чиноятхо ба фаъолияти касби мансубанд. Муаллим метавонад чинояти авбоширо содир кунад ва ё духтур каллобиро, аммо ин маънои онро надорад, ки махз у истифода аз фаъолияти касби содир кардааст. Журналиист хам катори дигарон метавонад чиноятеро содир кунад, ки ба фаъолияти касбии у алокаманди надорад. Дар ин чо Раиси шуъбаи Аврупои Шарки Жанна Кавелие дар гузориши худ кайд мекунад, ки гуё Далер Шарипов бо иттихоми сохта як сол зиндони шуд. Аввалан Шарипов Далер вобаста ба фаъолияти журналистиаш махкум нашудааст, у чинояти барангехтани киннаву адовати динниву мазхабиро бо дастгирии равияхои ифроти содир кардааст ва барои ин кирдор бо хукми суд махкум гардид. Ба монанди Жанна Кавели дар чахон пуранд бо бахонаи химояи хукуки башар ба ин ё он давлат бо хар бахона дахолат кунанд. Бояд фаромуш накард, ки касе чиноят содир кард, новобаста аз мансабу вазифа, миллату нажод, дину мазхаб, бояд хатман дар назди конун чавоб гуяд.
То чое ки ман медонам, дар Хучанд ва Панчакент ин бози солхост ки амал мекунад. Дар Хучанд пеш дар назди бозори Панчшанбе амал мекарданд. Дар ру ба руи Амнияти вилоят. Ва вокеан агар дар бозори Панчшанбе як нафар агар 10 кг сабзавотро фурушад ва хуччат надошта бошад, дар хол пулис омадаву дашному хакорат мекунанд ва хаккашонро мегиранд... Соли 2016 буд, як додарамро ки ноболиг буд, чунин фиреб карда 800 сомонашро гирифтанд. Танхо вакте кормандони амният дар миён шуданд, онхо ин маблагро баргардонданд. Дар боло Панчакент навистам, ба он хотир ки хамин Дусти амниятиам гуфт, ки инхо хамон Киморбозони Панчакент хастанд ва холо инчоанд. Ва хамчунин кайд намуд ки онхо куратор доранд дар сохторхои болои... Дигар худ хулоса намоед...
Дар Панҷакент инро сеқарта мегӯянд.Якрӯз ду милиса омада як ё ду дақиқа ба бози нигоҳ карданд ва яктои он бозӣ карда,гӯё бурд кард (50 сомони) ва рафтанд.Яъне ки онҳо ҳам бо ин фиребгарон яканд.
Дилхоҳ аблаҳ медонад, ки хоҳ писар хоҳ духтар доди худо аст ва ин кор дар дасти зану шавҳар нест. Аммо ин ки ту духтар таваллуд кардӣ гуфта ҷудо шудан фақат як баҳона асту халос. Таънаву маломат задан ҳам аз бехирадӣ нест , танҳо баҳона барои озор додан вассалом! Муттаасифона дарп ҷомеаи мо як кас бояд болои каси дигар ҳукмфармоӣ кунад ва барои ин мавқеъро соҳиб шудан аз ҳама нағмаву ҳилла ва ҳатто тӯҳмат истифода мебаранд, мамсалан дузд гуфта туҳмат бастан ба зан.
Танхо мардумро фахмидани харом будани хамаи намуди кимор аз ин кучахо боз медораду халос.