Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Надежда Савченко ба нӯшидани об оғоз кард


Надежда Савченко-халабони украинӣ, ки ба нишонаи эътироз бар зидди боздошташ дар Русия гуруснанишинӣ мекунад, ба нӯшидани об шуръ кардааст.

Марк Фейгин-вакили мудофеи вай 10 март дар сафҳаи Твиттери худ навишт, Савченко бо дархости Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ба истеъмоли маводи моеъ (обӣ) шуруъ кардааст.

Фегин баъдтар ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки Савченко то ҳол истеъмоли ғизоро рад мекунад.

Надежда Савченко мегӯяд, ки вайро моҳи июни соли 2014 дар шарқи Украина ҳангоме боздошт карданд, ки дар таркиби баталиони довталабон бар зидди ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия меҷангид ва ба таври ғайриқонунӣ ба Русия интиқол дода шуд.

Додгоҳи шаҳраки Донетски Русия 9 март эълон кард, ки мурофиа ва қироати ҳукми додгоҳ барои Савченко 21 март оғоз мешавад ва ду рӯзро дар бар мегирад.

Додситонҳо аз додгоҳ хостаанд, ки вайро 23 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

XS
SM
MD
LG