Генерал Амир Алӣ Ҳоҷизода-фармондеҳи нируҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон эълон кардааст, ки кишвараш таҳти ҳеҷ шароит барномаи мушакҳои болдори худро қатъ нахоҳад кард ва Теҳрон мушакҳое дорад, ки онҳо барои партоб омода мебошанд.
Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, Сипоҳи посдорони инқилоб рӯзҳои 8 ва 9 март чанд мушаки бодори худро озмоиш дод. Матбуоти Эрон мегӯяд, рӯи мушакҳое, ки 9 март партоб шуданд, навишта шудааст: “Исроил бояд аз байн бурда шавад”.
Генерал Амир Алӣ Ҳоҷизода-фармондеҳи нируҳои ҳавоии сипоҳ 9 март гуфт, бурди ин мушакҳо 2 000 километрро ташкил медиҳад ва аз ҷои амн метавонад Исроилро ҳадаф қарор диҳад.
Муфассирон мегӯянд, ки ин озмоишҳо қатъномаи СММ ва тавофуқоти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишварро ба чолиш кашидааст.
Вале 10 март Теҳрон инкор кард, ки ин озмоишҳо тавофуқотро нақз намекунад.