Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як додраси додгоҳи Душанбе боздошт шуд


Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Халил Холиқзода Ҷумъабойро-додраси додгоҳи пойтахт барои ришваситонӣ аз як сокини Душанбе боздошт намуд.

Эркин Назарзода-сухангуи ин ожонсӣ 9 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони онҳо Холиқзодаро дар ҷараёни як амалиёт ҳангоме боздошт карданд, ки вай аз шахсе1000 долларро ҳамчун ришва мехост бигирад.

Халил Холиқзода ҷои гирифтани пораро дар саҳни боғи Устод Рўдакӣ интихоб кардааст. Эркин Назарзода хабар медиҳад, ки кормандони оҷонсӣ 23 январи соли 2016 муайян кардаанд, ки судяи додгоҳи Душанбе Холиқзода Халил Ҷумъабой барои ба манфиати падари шаҳрванд "Б" ҳал намудани баҳси манзили зист, ки ин парванда дар баррасӣ қарор дорад, аз вай ҳамчун ришва 2000 доллар талаб намудааст.

Вай дар ибтидо 1000 доллари ришваро дар назди Маркази савдои “Садбарг” гирифта, маблағи боқимондаро мехоҳад дар вақти дигар аз худ кунад.

Саранҷом маблағи боқимонда дар боғи ба номи устод Рӯдакӣ ба вай дода мешавад, ки бо боздошти худаш анҷом меёбад.

Бар зидди вай бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Расидагӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG