Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди орому бидуни тантанаи «Рӯзи Модар» дар Тоҷикистон


Маъмулан дар иди "Рӯзи Модар" ба модарону бонувон дастагулҳо тақдим мешавад
Маъмулан дар иди "Рӯзи Модар" ба модарону бонувон дастагулҳо тақдим мешавад

Дар муқоиса ба солҳои қабл имсол ҷашни “Рӯзи Модар” дар Тоҷикистон ором ва бидуни баргузории ҷашну маҳфилҳои оммавӣ таҷлил мешавад.

Аз субҳ кӯчаҳои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ камодам ва ҳамин тавр ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ коҳиш ёфтааст. Аҳён – аҳён занону мардон ба чашм расиданд. Қарор аст, имрӯз дар кӯчабоғи шаҳри Душанбе сайру гашти идонаи мардум сурат бигирад.

Аммо ба таври расмӣ баргузории маҳфили хосе ба муносибати “Рӯзи Модар” дар шаҳри Душанбе дар назар нест.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо рӯзи гузашта дар паёми телевизионӣ занону модарони тоҷикро ба муносибати идашон табрику шодбош гуфт.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти модарону бонувонро дар ростои зуҳуроти хатарноки ифротгароӣ ва террористӣ боз ҳам зиёдтар арзёбӣ карда,онҳо ба зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи ҷиддии онҳо даъват кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад".

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, итминон дорад модарону бонувони кишвар дар амри ободии Ватани азиз, оромии ҷомеаи кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлол нақши пурарзиш мегузоранд.

Даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз модарон барои насиҳату назорати фарзандонашон дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомот ҳамакнун беш аз 1000 шаҳрванди ин кишвар дар Сурияву Ироқ дар суфуфи гурӯҳҳои ифротию террорист дар набардҳо алайҳи неруҳои давлатҳои ин кишвар ширкат доранд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар остонаи “Рӯзи модар” ба беш аз ду ҳазор зани роҳрӯб дар ҳаҷми умумии 2 миллион сомонӣ тӯҳфа кардааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар як ҷаласа аз кори занони роҳрӯб тавсиф намуда, онҳоро “посбони зебоиву тозагии шаҳр унвон кардааст.”

Зулайхо Каримова, як зани роҳрӯб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна қадрдониҳо онҳоро ба кор дилгармтар мекунад.

-Маоши мо он қадар зиёд нест, лекин ҳурмат кардани мо боз моро хеле хурсанд мекунад. Ҳар кас ба қадри меҳнати роҳрӯбҳо намерасад. Раиси шаҳр ба қадри меҳнати мо расидааст, Худо баракаташ диҳад. Кори мо ҳам осон нест. Саҳар то бедор шудани одамон мо аллакай шаҳрро тоза мекунем. Ҳамин хел меҳрубонӣ кунанд, боз дили мо ба кор гарм,-гуфт,ӯ.

Дар шаҳри Душанбе аксаран занон роҳрӯбӣ мекунанд ва 80 дарсади кормандони Хоҷагии коммуналии шаҳри Душанбе низ занҳо ҳастанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамасола дар арафаи Соли Нави милодӣ ва “Рӯзи модарон” ба занони роҳрӯб тӯҳфа медиҳад. Дар шаҳри Душанбе наздики 2,5 ҳазор зани роҳрӯб кор карда ва маоши онҳо дар Душанбе аз 600 то 800 сомониро ташкил медиҳад.

Таҷлили орому бидуни тантанаи “Рӯзи Модар” дар ҳолест, ки солҳои қабл ин иди миллӣ дар сатҳи ҳукуматӣ бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардид. Як рӯз қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо занони фаъоли шаҳру навоҳии кишвар мулоқот карда ва роҷеъ ба бурду бохти зиндагии занон сӯҳбатҳо мекард.

Дар соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда буд, то дар шаҳри Душанбе "Муҷассамаи модар" бунёд шавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 7 марти соли 2015 дар толори “Кохи Борбад” –и шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, дар оғози суханрониаш гуфта буд: “Дар ҳоли ҳозир дар ниҳодҳои давлатӣ беш аз 8 000 зан фаъолият доранд, ки 500 нафарашон дар мақомҳои роҳбарӣ мебошанд”.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз бетаваҷҷӯҳии баъзе аз модарон нисбат ба тақдири фарзандонашон интиқод кард.

Вай гуфта буд, “иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд. Қисми дигари фарзандон бо ҳамин сабабҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ҳамроҳ шуда, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аллакай даҳҳо нафари онҳо дар хоки бегона ба ҳалокат расидаанд.

Ҷаноби Раҳмон дар ин сӯҳбати худ аз сураҳои Қуръон ҳам ёдоварӣ карда ва ин суолро дар миён гузошт, ки "оё модарон ва худи ин афроди гумроҳ намедонанд, ҷойи чунин ҷавонон дӯзах аст? Намедонанд, ки давлатҳои Сурияву Ироқ кишвари мусулмонҳо мебошанд ва аксари одамоне, ки ҳар рӯз қурбон мешаванд, мусулмонанд?"

Мадина Бобоева, ки ҳангоми суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар "Кохи Борбад" гуфт, раисиҷумҳур аз майли занҳои тоҷик ба пӯшидани "либосҳои ғайр" низ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд."

Раиси ҷумҳур афзуд, агар бархе ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо кардаанд, "баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпӯш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд. Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад”,-таъкид кард ӯ.

Президент Раҳмон дар идома ба масъалаи ташхиси пеш аз никоҳи ҷавонон низ таъкид кард. Ба қавли ӯ, таҳлилҳо нишон додаанд, аз муоинаи тиббӣ нагузаштани ҷавонон яке аз иллатҳои азҳампошии хонаводаҳо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз таҷрубаи чанд иёлати Амрико, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Русия мисол овард, ки дар солҳои гуногун ба қонунҳои худ тағйирот ворид карда, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштанро ҷорӣ намудаанд.

Зимнан, таърихи Рӯзи байналмилалии занон аз гирдиҳамоии занони коргари Амрико дар шаҳри Ню Йорк дар 8 марти соли 1857 маншаъ мегирад. Тақозои занҳо дар гирдиҳамоӣ коҳиши соати корӣ ва баробар кардани маоши занони коргар бо мардон буд.Ин занони шуҷо тавонистанд аз тариқи эътирозоти густарда талабҳои худро бароварда созанд. Баъдан Рӯзи байналмилалии занон аз Амрико вориди Аврупо шуда, ин рӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври расмӣ таҷлил ва рӯзи таътил маҳсуб мешуд.

Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми март чун «Иди Бонувон» дар тамоми қаламрави Тоҷикистон барои чанд соле боқӣ монд ва ҳамчунин дар дигар мамолики муштаракулманофеъ ин сана ба унвони Рӯзи Занон ҷашн гирифта мешуд. Вале дар Тоҷикистон шурӯь аз соли 2010 Рӯзи байналмилалии озодии занон, ки қаблан ба ҳамин ном ҷашн гирифта мешуд, табдил ба «Рӯзи Модар» гашт. Акнун ва минбаъд дар тақвими тоҷикии мо 8-уми март бо хати сурх ба унвони Рӯзи модар ва рӯзи таътил нишон дода мешавад.

Гузашта аз ин, Тоҷикистон соли 2015-ро "Соли оила" эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG