Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, ки 5 март тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе - Дубай - Бейрут парвоз кард, рӯзи 6 март ба Лубнон расид. “Истиқлол” бозии даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-ро pӯзи 8 март бо дастаи мизбон - «Триполи» - анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри Триполи соати 15.00 ба вақти маҳаллӣ (18.00 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Ба ҳайати «Истиқлол» 16 футболбоз дохил аст.
Ҳайати «Истиқлола» дар бозӣ муқобили «Триполи»:
Дарвозабонҳо - Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев.
Ҳимоятгарон - Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ.
Нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Акмал Холматов, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев.
Ҳамлагарон - Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш.
Ёдовар мешавем, «Истиқлол» бозии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016-ро бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода буд.
“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.
Ҷоми АFC-2016
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1. |
«Нафит Ал-Васат» |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
2. |
«Истиқлол» |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
3. |
«Ал-Файсалӣ» |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
4. |
«Триполи» |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
Даври 2-юм
8 март (сешанбе)
«Триполи» (Лубнон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)
Даври 3-юм
15 март (сешанбе)
«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 4-ум
12 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)
Даври 5-ум
26 апрел (сешанбе)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)
Даври 6-ум
10 май (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)