Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Теҳрон Занҷониро ба қатл маҳкум кард


Бобаки Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ

Бобаки Занҷонӣ-миллиардер ва сарватмандтарин шахси ин кишвар ба иттиҳоми ришвахорӣ 6 март дар Теҳрон ҳукми қатл гирифт.Занҷонӣ дар давраи раӣёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинеҷод барои пешгирии Эрон аз зарари таҳримҳои байналмиллалӣ шуҳрат пайдо кард.

Вай дар ҳамон давра тавонист аз роҳҳои ғайриқонунӣ нафти Эронро ба хориҷ бифурӯшад. Вай ҳамчунин барои тақаллубу ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳгор дониста мешавад.

Ба ҷуз аз ҳукми қатл ба вай ҳукм шудааст, ки хисороти расондаааш ба давлатро низ пардохт кунад.

Вайро моҳи декабри соли 2013 ба ҳабс гирифта буданд. Дар ҳамон вақт дороии вай 14 миллиард доллар арзёбӣ мешуд. Вай метавонад бар зидди ҳукми додгоҳ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бибарад.

XS
SM
MD
LG