Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Ашраф Ғаниро ба сулҳ ташвиқ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон дар як конфронси видеоӣ хостааст, ки талошҳоро барои барқарор кардани сулҳ бо Толибон идома диҳад.

Обама таъкид кард, ки Амрико аз раванди сулҳ ҳимоят мекунад, то хушунатҳо коҳиш ёбад ва сулҳу амният дар Афғонистон ва минтақа таъмин шавад. Вай ҳамчунин нақши Ашраф Ғанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамсоягони Афғонистонро хотирнишон сохт, ки метавонад ҳамкориҳои минтақавиро густариш диҳад ва раванди мусолиҳа бо Толибонро суръат бахшад.

Намояндагони Афғонистону Покистон ва Амрикову Чин моҳи гузашта баъд аз музокироти худ дар Кобул гуфтанд, ки ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар ҳафтаи аввали моҳи март дар пойтахти Покистон ба музокироти рӯ ба рӯ менишинанд. Вале ҳафтаи аввваал сипарӣ шуд ва то ҳол касе дар ин бора сухане ба забон намеорад.

Дар ҷараёни конфронси видеоӣ, ки Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ –раиси иҷроии Афғонистон низ ширкат доштанд, Обама аз шуҷоати нируҳои амниятии Афғонистон дар мубориза ба терроризм ситоиш кард.

XS
SM
MD
LG