Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои Ҷоми ФФТ тасдиқ шуд


Федератсияи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-ро тасдиқ кард.

Тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки бо ширкати ҳашт даста дар ду гурӯҳ баргузор шудааст, тасдиқ шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, бинобар аз ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот даст кашидани дастаи «Қайроққум»-и шаҳри Қайроққум, ба ҷойи он тими “Помир”-и Душанбе, ки ҳайати мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад, роҳ дода шудааст.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол», ССКА «Помир», «Хуҷанд» ва «Саройкамар»-и Панҷ, дар гурӯҳи «Б» «Хайр»-и Ваҳдат, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд. Макони бозиҳо Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар мебошад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ бо бозии дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки рӯзи 1-уми март баргузор шуд, бо пирӯзии “Истиқлол”, барандаи феълии Ҷоми ФФТ, ба охир расид. Голҳоро ҳамлагар Александр Каблаш, легионери украинӣ ва ҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев ба ҳадаф расонданд.

Рӯзи 2 март боз як бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи «А», ки миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва ССКА «Помир» сурат гирифт, бо пирӯзии футболбозони шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 поён ёфт. Ду голи “Хуҷанд”-ро Фарҳод Тоҳиров ва яктоашро Дилшод Бозоров ба самар расонданд. Голи “Хуҷанд”-ро Давронҷон Тухтасунов зад.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол” бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “Б” миёни дастаҳои «Хайр» – «Помир» ва «Регар–ТадАЗ» – «Вахш» имрӯз, 3 март, баргузор мешаванд.

Дар сабқати гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра бозӣ мекунанд. Аз рӯи натиҷагирии бозиҳо аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло мукофотонида мешавад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ барои панҷумин бор баргузор шудааст. Ду бор “Истиқлол”-и Душанбе ва якборӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр”-и Ваҳдат Ҷомро ба даст овардаанд.

Тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2016:

Даври 1-ум

Гурӯҳи «А»

1 март (сешанбе)

«Саройкамар» – «Истиқлол» – 0:2

2 март (чоршанбе)

«Хуҷанд» – ССКА «Помир» – 3:1

Гурӯҳи «Б»

3 март (панҷшанбе)

«Хайр» – «Помир»

«Регар–ТадАЗ» – «Вахш»

Даври 2-юм

Гурӯҳи «А»

4 март (ҷумъа)

10:00 – «Саройкамар» – ССКА «Помир»

16:00 – «Хуҷанд» – «Истиқлол»

Гурӯҳи «Б»

5 март (шанбе)

10:00 – «Регар–ТадАЗ» – «Помир»

16:00 – «Хайр» – «Вахш»

Даври 3-юм

Гурӯҳи «А»

6 март (якшанбе)

10:00 – «Хуҷанд» – «Саройкамар»

16:00 – «Истиқлол» – ССКА «Помир»

Гурӯҳи «Б»

7 март (душанбе)

10:00 – «Помир» – «Вахш»

16:00 – «Регар–ТадАЗ» – «Хайр»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

9 март (чоршанбе)

10:00 – 1 «А» – 2 «Б»

16:00 – 1 «Б» – 2 «А»

11 март (ҷумъа)

10:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм

16:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG