Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари сарбози "гумшуда" давлатро ба додгоҳ кашид


Дар додгоҳи ноҳияи Сариарқини Остона имрӯз муҳокимаи даъвои модари сарбози марзбон Денис Рея шурӯъ шуд. Ин сарбоз, гумон меоаврад, дар постгоҳи марзбонии "Арканкерген" кушта шудааст.

Татяна Рей аз Кумитаи амнияти миллӣ, Идораи марзбонӣ ва Додситонии кулли Қазоқистон пардохти ҷубронпулии маънавӣ ба маблағи 370 миллион тангаро (беш аз як миллион доллар) талаб мекунад.

Ба гуфтаи Серик Сарсенов, вакили дифои Татяна Рей, модари марзбон ин маблағро ба айби ниҳодҳои давлатӣ мутобиқ донист, ки "дар пайи бемасъулиятӣ ва беамалӣ, набудани назорати зарурӣ аз тарафи онҳо Денис Рей кушта шуд".

Вакил зикр кард, силоҳи ҷангӣ, ки манбаи хатари афзуншаванда мебошад, ба давлат тааллуқ дорад ва ба ин сабаб масъулияти ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии давлат дар сурати вуҷуди хатари зиёд новобаста аз айбаш татбиқ карда мешавад.

30 майи соли 2012 дар постгоҳи сӯхташудаи марзбонии "Арканкерген" дар марзи миёни Қазоқистон ва Чин ҷасади 14 марзбон ва ҷангалбон пайдо карда шуданд. Ҷасади Денис Рей ва Мейрхан Именов, марзбони дигар пайдо карда нашуданд ва онҳо нопадидшуда дониста мешаванд. Дар моҳи декабри соли 2012 Владислав Челах, танҳо марзбони зиндамонда бо айби қатли ом дар "Арканкерген" ба ҳукми абад маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG