Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Киев: Дар Донбасс 2600 низомӣ кушта шудаанд

Дар натиҷаи ҷангҳо дар Донбасс беш аз 2600 низомии украинӣ кушта ва беш аз 9 ҳазор захмӣ шудаанд.

Дар ин бора дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии Украина дар робита ба иҷрои тавофуқоти Минск гуфта шудааст.

Танҳо дар ду моҳи охир мавзеъҳои низомиёни украинӣ 1500 бор аз тарафи ҷудоихоҳон тирпарронӣ шуданд, ки дар натиҷа 12 низомӣ кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ шудаанд, омадааст дар баёния.

Киев ҳамчунин Москваро дар он гунаҳгор кард, ки зери фармондеҳии афсарони рус дар Донбасс артиши чиҳилҳазорнафарӣ таъсис ёфтааст. Ин нерӯ бо аслиҳаи замонавӣ, аз ҷумла тӯпҳои калонҳаҷм, шабакаи реактивии тӯппаронии ҳамзамон, таҷҳизоти алоқаи махфишуда ва назоратӣ муҷҷаҳаз шудааст. Ин артиш 470 танк, 870 зиреҳпӯш, 450 низоми тӯппаронии мушакӣ дар ихтиёр дорад, зикр карданд дар вазорати хориҷии Украина. Ба эътиқоди ҷониби украинӣ, Русия ҳамчунин «аз навъҳои мамнӯи аслиҳа ба монанди мушакҳои дорои қисмати таркандаи хӯшаӣ ва минаҳои зиддинафарӣ истифода мекунад».

Амалиёти низомӣ дар Шарқи Украина аз баҳори соли 2014 идома дорад. Москва борҳо эълон кард, ки Русия ҷониби даргир дар Донбасс нест ва дар ин минтақа нерӯҳои русӣ нестанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Русия 10 корманди сафорати Амрикоро дар Маскав "персона нон грата" эълон кард

Парчами Амрико дар бинои сафорати ИМА дар Маскав

Русия даҳ корманди сафорати Амрикоро дар Маскав "персона нон грата" ё шахсони "мамнуъ-ул-вуруд" эълон кард ва, дар посух ба ихроҷи даҳ дипломати рус аз Вашингтон, аз кишвараш берун мекунад.

Ин тасмим чанд рӯз баъди он гирифта шуд, ки Иёлоти Муттаҳида барои мудохилаи Русия ба интихоботи Амрико Маскавро таҳрим кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, рӯзи 21-уми апрел ба муовини сафири Амрико дар Маскав Барт Горман нота супурда шуд ва дар он талаб мешавад, даҳ корманди сафорат то охири рӯзи 21-уми май хоки Русияро тарк кунанд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад, ин тасмим "аксулмамали онҳо ба эълони бедалели шахсони мамнуъ-ул-вуруд будани кормандони сафорат дар Вашингтон ва консулгарӣ дар Ню-Йорк мебошад".

Ҷойгир шудани нирӯҳои Русия дар марз бо Украина, ҳамлаҳои рахнагарон, иддаои Ҷумҳурии Чех дар заминаи ташкили таркиши соли 2014 дар як анбори силоҳ ва ҳабси мунтақиди Кремлин Алексей Навалний, ки пеш аз ин заҳролуд карда шуд, ҳафтаҳои охир равобити миёни Вашингтон ва Маскавро пуртаниш кардааст.

Дар як қароре, ки президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 15-уми апрел имзо кард, аз ихроҷ ва таҳрими даҳҳо шаҳрванди Русия ва ҳам дороиҳои онҳо зикр шудааст. Дар санад омадааст, Иёлоти Муттаҳида Кремлинро барои амалҳои зиддиамрикоиаш ҷавобгар мекунад. Ба илова, Вазорати молияи Амрико болои бозори қарзи Русия маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ кард.

Маскав дар вокуниш таҳдид кард, ки посух хоҳад дод. Русия рӯзи 21-уми апрел гуфт, "дар посух ба таҳримҳои охири ғайриқонунии ИМА нисбат ба Русия иқдомҳои ҷавобӣ хоҳад гирифт."

Мақомоти иктишофии амрикоӣ мегӯянд, ҳамлаи Solarwinds cyberattack, ки моҳи декабри порсол рух дод, кори дасти рахнагарони рус буд.

Таҳримҳои Амрико, инчунин, посух ба дахолати русҳо ба маъракаи интихоботии соли 2020 дар Амрико мебошад. Як арзёбии гурӯҳи калони иктишофии Иёлоти Муттаҳида ба чунин натиҷа расидааст, ки барои ташкилу анҷоми ин ҳамлаҳои интернетӣ худи президент Владимир Путин амр додааст. Маскав ҳама гуна бадрафториро рад мекунад.

Истиқболи Байден ва Бачелет аз ҳукми айбдоркунанда дар қазияи куштори Флойд

Раҳпаймоӣ дар шаҳри Ню-Йорк, 20-уми апрел. Дар овезаҳо навишта шудааст: "Ҳукми мардум: гунаҳгор аст!" ва "Адолат барои Ҷорҷ Флойд. Террори полис бас шавад!"

Президенти ИМА Ҷо Байден ва раиси Комиссиюни ҳуқуқи башари СММ ҳукми афсари собиқи полиси шаҳри Миннеаполис Дерек Шовинро истиқбол карданд, ки дар куштор ва куштори ғайриҳадафмандонаи Ҷорҷ Флойд айбдор шуд. Баъди беш аз 10 соат баҳсу баррасиҳои 20-уми апрел 12 узви ҳайати доварон ба қароре омаданд, ки Шовин бар асоси чандин иттиҳом, аз ҷумла, куштори дараҷаи ду ва се ва ҳам куштори ғайриҳадафмандона гунаҳгор дониста мешавад. Флойд моҳи маи соли 2020 дар паи он кушта шуд, ки барои истифодаи як 20-доллараи қалбакӣ дар як фурӯшгоҳе нигаҳ дошта шуд ва ба ҳангоми боздошт зери пои ходими полис Шовин, ки ба гардани ӯ бо зонуяш сахт зер карда буд, дар нӯҳ дақиқа ҷон дод. Ин қазия боиси эътирозҳои чандинмоҳа аз хушунати полис ва ҳам нобаробарии нажодӣ дар ИМА шуд. Байден гуфт, ки ҳукми Шовин барои дастёбӣ ба адолат дар Амрико “як қадами азим аст”.

Як навори видеоие, ки баъди марги Флойд дар шабакаҳо паҳн шуд, саҳнаи дар рӯи замин бо шикамаш пахш шудани Флойди африқоитабори 46-сола ва ба гарданаш бо фишор зер кардани Шовини сафедпӯстро ба намоиш гузошт. Ба Шовин, ки 45 сол дорад, то 40 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳукми ӯ дар ду моҳи оянда содир хоҳад шуд. Эҳтимолан ӯ аз болои ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунад.

Вале ҳукми айбдоркунандаи ҳайати доварон мавриди истиқболи мардум дар додгоҳи Миннеаполис шуд. Саҳнаи қироати ҳукмро ба таври зинда тавассути телевизион намоиш доданд.

Комиссари ҳуқуқи башари СММ Мишел Бачелет ҳукмро истиқбол кард ва гуфт, ки “ҳама гуна ҳукми дигар масхараи адолат мебуд”. Дар Миннеаполис ва дигар шаҳрҳо бисёриҳо ба ин андеша буданд, ки дар сурати содир шудани ҳукми сафедкунанда эътирозҳои давомдори навбатӣ дар пеш аст. Қазияи марги Флойд боиси раҳпаймоиву эътирозҳои чандинмоҳа дар саросари ИМА шуд ва баробар бо ин хушунату ғоратгарӣ ҳам дар пай дошт.

Эътирозҳои тарафдорони Навалний ва боздошти муттафиқони ӯ

21-уми апрел, маркази шаҳри Новосибирск

Рӯзи 21-уми апрел садҳо сокини минтақаи Шарқи Дури Русия бо талаби аз зиндон озод кардани Алексей Навалний, мунаққиди Кремлин ба хиёбонҳо баромаданд, дар ҳамин ҳол дар Маскав полис муттафиқони сиёсатмадори зиндониро боздошт намуд. Дар миёни боздоштшудаҳо ҳуқуқшиноси Бунёди зиддикоррупсияи Навалний - Любов Собол, яке аз симоҳои маъруфи барномаи Навалний дар YouTube ва сухангӯи ӯ Кира Ярмиш мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Владимир Рижков, собиқ муовини раиси Думаи давлатӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, ки полис ӯро бо гумони вайрон кардани қарори ташкили ҳамоишҳои ҷамъиятӣ боздошт кард. Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел боздошти муттафиқони наздики Навалнийро “таассуфовар” хонд. Мишел, ки раҳбарии ҷаласаҳои аврупоиро ба ӯҳда дорад, дар Твиттераш навишт: “Мақомот бояд ҳақ ба ташкили ҳамоишҳоро эҳтиром кунанд”.

Полис инчунин хонаҳои шарикони Навалнийро дар шаҳри Екатеринбург кофтукоб кард. Дар шаҳри Кургани ҳаммарз бо Қазоқистон як ва дар Нижний Новгород ду узви тими Навалний боздошт шуданд. Бо вуҷуди ҳузури зиёди полис дар хиёбонҳо, тарафдорони Навалний, ки се ҳафта зиёд аст гуруснанишинӣ мекунаду ба наздаш табиби хусусиро роҳ намедиҳанд, ба хиёбонҳои шаҳрҳои Иркутск ва Владивосток баромаданд. Тими Навалний ба баргузории намоишҳои эътирозӣ дар 160 шаҳри кишвар даъват намуданд, то ки мақомот ба вазъи саломатии ӯ таваҷҷӯҳ кунанд. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои саркӯби тарафдорони Навалний ва зиндонӣ кардани ӯ Русияро бо таҳримҳои нав муҷозот намуд.

КБО бори дигар ба иллати пандемия лағви Олимпиадаи Токиоро рад кард

Ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Ҷон Коутс ваъда дод, ки Олимпиадаи дарпешистода "аз ҳама бехатар" хоҳад буд. Зиёда аз 70 фоизи ҷопониҳо аз тарси пандемия даъват мекунанд, ки Бозиҳо лағв карда ё ба вақти дигар гузаронида шаванд.

100 рӯз пеш аз ифтитоҳи барномарезишудаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Ҷон Коутс дар як паёми видеоӣ рад кард, ки ин мусобиқа дар лаҳзаи охирин лағв мешавад. Бозиҳои тобистона, ки барои як сол мавқуф гузошта шудаанд, тибқи нақша баргузор хоҳанд шуд, гуфт ӯ ва итминон дод, ки Олимпиадаи оянда "ба қадри имкон бехатар" хоҳад буд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио ба иллати пандемияи коронавирус мавқуф гузошта, ба соли 2021 гузаронида шуданд. Мусобиқот рӯзи 23-юми июл шуруъ мешавад. Коутс гуфт, тадбирҳои васеъмиқёси зидди коронавирусӣ, ки ташкилкунандагони Олимпиада андешидаанд, "амнияти ҳамаи ширкаткунандагон ва аҳолии Ҷопонро таъмин мекунанд". "Варзишгарон, Ҳаракати олимпӣ, ташкилотчиён ва мардуми Ҷопон метавонанд нишон диҳанд, ки ин пирӯзии инсоният бар пандемия аст", - таъкид кард ноиби президенти КБО.

Мувофиқи пурсишҳои охирин беш аз 70 фоизи ҷопониҳо ҷонибдори бекор кардан ё ба таъхир андохтани Бозиҳои тобистонаи олимпӣ мебошанд. Бо мақсади пешгирии хуруҷи нави пандемия, қарор қабул шуд, ки вуруд ба Ҷопон барои мухлисони хориҷӣ, хешовандони варзишгарон, инчунин меҳмононе, ки сарпарастон ва ташкилотҳои варзишӣ даъват кардаанд, баста шавад. Аммо мудири иҷроияи КБО Кристоф Дуби мутмаин аст, ки ин танҳо "эҳсосотро дар олами варзиш баланд хоҳад кард".

Путин аз сокинони Русия хост, ки ҳатман бар зидди COVID-19 эм карда шаванд

Президенти Русия Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин суханронии 17-уми телевизиониаш дар баробари ҳарду палатаи парлумони кишварро рӯзи 21-уми апрел аз мавзӯи пандемияи COVID-19 шурӯъ кард. Ӯ гуфт, сокинони Русия то тирамоҳи соли ҷорӣ бояд ба як иммунитети ҳамагонӣ даст ёбанд ва аз сокинони кишвар хост, ки алайҳи коронавирус ҳатман эм карда шаванд. Дар ҳоле, ки Путин сӯҳбат мекард, полис чандин нафар, аз ҷумла ду муттафиқи калидии Алексей Навалний, сиёсатмадори мунаққиди Кремлинро бар остонаи эътирозҳои сартосарӣ боздошт намуд.

Президенти Русия дар пасманзари нишонаҳои бӯҳрон дар умури дохиливу хориҷии кишвараш дар баробари ҳарду палатаи парлумони кишвар суханронӣ мекунад. Владимир Путин дар шароите суханронӣ мекунад, ки равобити Русия бо Ғарб дар сари масоили низоъ дар шарқи Украина ва эътирозҳо дар Беларус баъди интихоботи баҳсбарангез пуртаниш шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми апрел тарафдорони сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний барои эътироз аз нодида гирифта шудани мушкилоти саломатии ӯ дар зиндон ва ҳам дар пешорӯи интихоботи 19-уми сентябр ба хиёбонҳо мебароянд. Норизоият аз шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар давраи пандемияи коронавирус дар Русия боз ҳам бештар шуд, яке дигар аз масоили мавриди норизоияти мардуми маҳаллӣ аст.

Дар остонаи суханронии Путин дар парлумон сафири ИМА Ҷон Салливан эълон кард, ки ба хотири машварат бо маъмурияти президент Ҷо Байден ба Вашингтон меравад. Чанд рӯз пеш аз ин Вашингтон бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро барои ҳамлаҳои эҳтимолии рахнагарони мудохилакарда дар интихоботи ИМА дар солҳои 2016 ва 2020 ҷорӣ кард.

Русия бо таҷаммӯи нирӯҳояш дар марзи шарқии Украина ва дар нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 ғасб кард, нигаронии Аврупоро ба бор овардааст. Русияро дар пуштибонӣ аз ҷудоиталабони украинӣ муттаҳам мекунанд, ки бо артиши Украина меҷанганд ва дар ҳафт соли ҷангҳо шумори кушташудаҳо аз 13 ҳазор нафар гузаштааст.

Шарл Мишел бӯҳрони сиёсии Гурҷистонро ҳалшуда номид, вале як гурӯҳи мухолифон ба он ҳамроҳ нашуд

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ва раиси парлумони Гурҷистон Арчил Талаквадзе. Тифлис, 20-уми апрел

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел эълон кард, ки бӯҳрони сиёсии Гурҷистон “хотима ёфт”, вале гурӯҳи аслии мухолифон гуфт, то замони аз зиндон озод шудани раҳбарашон ба созиш ҳамроҳ намешаванд. Шарл Мишел рӯзи 20-уми апрел дар Тифлис буд ва рӯзе аз он пеш ҳизби ҳокими Гурҷистон ва як бахше аз мухолифон созише имзо карданд, ки ба хатми бӯҳрони чандинмоҳа дар ин кишвари қафқозӣ нигаронида шудааст.

Дар интихоботи моҳи октябри порсол ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” ғалаба кард, вале мухолифон ба натиҷаҳои он бовар накарда натиҷаҳои маъракаро ноодилона ва тақаллубомез номиданд. Мухолифон кори парлумони навро бо талаби баргузории интихоботи нав бойкот карданд. Шарл Мишел дар Тифлис гуфт: “Бӯҳрони сиёсӣ хотима ёфт ва акнун бояд як ҳамкории сиёсӣ барқарор шавад”. Ӯ гуфт, ки созиши мазкур роҳро барои шурӯи ислоҳот дар бахши интихобот, низоми адлия ва ҳукумати қонун боз мекунад ва ин масоил дар робитаҳои ИА ва Гурҷистон калидӣ боқӣ мемонанд. Бар асоси ин созиш, чанд намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ розӣ шуданд, ки ба парлумон шомил шаванд. Вале айни замон, азимтарин нирӯи сиёсии мухолифон – Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ созишро имзо накард. Саломе Самадишвилӣ, яке аз раҳбарони ин ҷунбиш ишора кард, ки дар сурати аз ҳабс озод шудани раҳбари ин созмон Ника Мелиа, созишро имзо мекунанд. Дар созишнома ишора шудааст, давоми ин ҳафта Мелиа метавонад бар асоси далели “сиёсатзада шудани адолат” афв ва озод шавад.

Дар Тоҷикистон маблағи ҷарима барои нақзи Қонуни танзим боло бурда шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарҳе ҷонибдорӣ карданд, ки афзоиши ҳаҷми ҷарима барои нақзи Қонуни танзимро пешбинӣ мекунад. Тибқи тағйироти нав, ҳамакнун ҷарима барои риоя накардани ин қонун дар ҳаҷми 10 нишондод зиёд шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ҳаҷми як нишондод барои ҳисобҳо 60 сомониро ташкил медиҳад. Масалан, як нафар агар барои таҷлили зодруз берун аз хонавода то ин дам 6 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуд, пас бар асоси тағйироти нав ӯро 6 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима мекунанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси раиси Кумитаи дин, рӯзи 21 апрел дар порлумон ҳадаф аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро "пешгирӣ аз қонуншиканӣ" номид. Ӯ дар ин робита ба нақзи қонуни танзим аз сӯи бархе сокинон ишора кард. Раиси Кумитаи дин афзуд, бар асоси ин тарҳ, афроде, ки қонуни танзимро нақз мекунаду пас аз 6 моҳ чунин амалаш ошкор ва ё муайян мешавад, муҷозот нахоҳад шуд.

Оқои Давлатзода ҳамзамон гуфт, яке аз тағйироти дигари тарҳ ин аст, ки дар давраи хуруҷи КОВИД-19 афроде, ки тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявиро риоя намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, чунин муқаррарот то ҳол дар қонунгузории кишвар зикр нашуда буд.

Қонуни танзими расму ойин дар Тоҷикистон соли 2007 тасвиб шуд. Ин қонун яке аз пурбаҳстарин қонунҳои солҳои охир дар Тоҷикистон аст, чун, ба қавли мунаққидон, озодиҳои инсонро маҳдуд карда, ба ҳаёти маишиву хусусии сокинон дахолат мекунад. Ин қонун, аз ҷумла, ташкилу баргузории зодрӯзҳоро танҳо дар доираи оила иҷоза додааст, дар ҳоле, ки бисёриҳо ин муқарраротро ноодилона меҳисобанд ва мегӯянд, муҷозоти мақомот айши онҳоро талх мекунад.

Собол ва Ярмиш - ду муттафиқи Навалний боздошт шуданд

Любов Собол ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний мебошад

Дар рӯзе, ки президенти Русия Владимир Путин барои 17-умин бор бо муроҷиати телевизиониаш ба парлумон ва мардум ҳозир шуд, дар Маскав ду муттафиқи наздиктарини сиёсатмадори мунаққиди Кремлин Алексей Навалний боздошт шуданд. Инҳо – ҳуқуқшиноси Бунёди зиддикоррупсияи Навалний - Любов Собол аст, ки яке аз симоҳои маъруфи барномаи Навалний дар YouTube ва сухангӯи ӯ Кира Ярмиш мебошанд. Ҷузъиёти бештар феълан дар даст нест.

Ҳафтаи гузашта Собол барои гӯё дар моҳи декабр ғайриқонунӣ ворид шуданаш ба манзили афсари ФСБ ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд. Ин ҳодиса чанд соат баъди он рух дод, ки Навалний сабти сӯҳбати телефонӣ бо ҳамин мардро нашр кард. Сӯҳбати 49-дақиқаинаи телефонии Навалний бо афсари ФСБ Константин Кудрявсев ҷузъиёти тарзи заҳролудкунии ӯро дар моҳи август фош намуд. Собол, ки иттиҳомоти зидди худро рад мекунад, мегӯяд, ин айбнома ба хотири хомӯш кардани садои ӯ сохтакорӣ шудааст. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои саркӯби Навалний ва тарафдоронаш Русияро таҳрим карданд.

Ҳоло ҳам Ярмиш ва ҳам Собол дар ҳабси хонагӣ мебошанд.

Идораи танзими дорувори Аврупо гуфт, дар ҳолатҳои "хеле кам" J&J боиси ғафсшавии хун мешавад

Идораи танзими дорувори Аврупо 20-уми апрел гуфт, ки воксинаи сохтаи ширкати Johnson & Johnson (J&J) дар ҳолатҳои хеле кам эҳтимолан метавонад ҳолати лахташавии хунро ба миён оварад, вале, ба гуфтаи ин ниҳод, фоидаи ин воксина бештар аст. Оҷонсии дорувори Аврупо (EMA) дар ҳоле натиҷаҳои таҳқиқоти худро нашр кард, ки интизор меравад то охири ҳафтаи ҷорӣ ИМА ҳам арзёбиҳои худро дар заминаи ин воксинаи якдафъаина баён кунад. EMA машварат додааст, ки ғафсшавии хун ҳамчун як паёмади эҳтимолӣ ва бисёр ками воксинаи ширкати J&J дар маълумотномаи ин воксина зикр шавад. Эмер Кук, раҳбари ЕМА дар бораи эҳтимоли ғафсшавии хун баъди гирифтани воксинаи амрикоии J&J гуфт, “Ин паёмад дар ҳолатҳои бисёр кам рух дода метавонад”. Айни замон, ба гуфтаи ӯ, “бисёр муҳим аст, ки табибону муштариҳо дар бораи ин нишона хабар дошта бошанд, то ки ба он аҳамият диҳанд”.

Моҳи март ЕМА машварат дод, ки айни чунин ишора дар маълумотномаи воксинаи ширкати AstraZeneca ҳам ворид шавад, чун иртиботи миёни ғафсшавии хун баъди гирифтани ин воксина ҳам дар ҳолатҳои кам тасдиқ шудааст. Воксинаи J&J 3-юми март барои истифода дар қаламрави Аврупо иҷоза гирифт. То ҳол дар ИМА тахминан 7 миллион дона воксинаи J&J тақсим шуда, аз ин миён дар 6 нафар ҳолати ғафсшавии хун мушоҳида шудааст.

Бисёр кишварҳо маҳз ба умеди воксинаҳои J&J ва AstraZeneca ҳастанд.

Дар Аврупо баъди таъхиру мушкили тақсими воксинаҳо ҷараёни таъмини кишварҳои қора бо ин василаи пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус тоза суръат бахшида шудааст.

Путин дар баробари ҳарду палатаи парлумон суханронӣ мекунад

21-уми апрел, Владимир Путин, президенти Русия дар назди ҳарду палатаи парлумони кишвар суханронӣ мекунад

Президенти Русия дар пасманзари нишонаҳои бӯҳрон дар умури дохиливу хориҷии кишвараш дар баробари ҳарду палатаи парлумони кишвар суханронӣ мекунад. Владимир Путин дар шароите суханронӣ мекунад, ки равобити Русия бо Ғарб дар сари масоили низоъ дар шарқи Украина ва эътирозҳо дар Беларус баъди интихоботи баҳсбарангез пуртаниш шудааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми апрел тарафдорони сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний барои эътироз аз нодида гирифта шудани мушкилоти саломатии ӯ дар зиндон ва ҳам дар пешорӯи интихоботи 19-уми сентябр ба хиёбонҳо мебароянд. Норизоият аз шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар давраи пандемияи коронавирус дар Русия боз ҳам бештар шуд, яке дигар аз масоили мавриди норизоияти мардуми маҳаллӣ аст.

Дар остонаи суханронии Путин дар парлумон сафири ИМА Ҷон Салливан эълон кард, ки ба хотири машварат бо маъмурияти президент Ҷо Байден ба Вашингтон меравад. Чанд рӯз пеш аз ин Вашингтон бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро барои ҳамлаҳои эҳтимолии рахнагарони мудохилакарда дар интихоботи ИМА дар солҳои 2016 ва 2020 ҷорӣ кард.

Русия бо таҷаммӯи нирӯҳояш дар марзи шарқии Украина ва дар нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 ғасб кард, нигаронии Аврупоро ба бор овардааст. Русияро дар пуштибонӣ аз ҷудоиталабони украинӣ муттаҳам мекунанд, ки бо артиши Украина меҷанганд ва дар ҳафт соли ҷангҳо шумори кушташудаҳо аз 13 ҳазор нафар гузаштааст.

Ҳайати доварон ходими полисро масъули куштори Ҷорҷ Флойд номид

Шодии мардум аз ҳукми ҳайати доварон, ки ходими полисро дар марги Флойд гунаҳгор эълон кард

Ҳайати доварон айбномаи собиқ афсари полиси аёлати Миннесотаи ИМА Дерек Шовинро, ки дар куштори Ҷорҷ Флойд, марди сиёҳпӯсти маҳаллӣ дар соли 2020 муттаҳам мебошад, пурра тасдиқ кард. Ҳукми зиндони Шовини 45-сола баъди чанд ҳафта эълон мешавад. Коршиносон тахмин мекунанд, ки ӯ бознигарии ҳукмро талаб хоҳад кард. Флойд 25-уми майи соли 2020-ум ҳангоми боздошт барои истифодаи пули 20-долларии қалбакӣ ба ҳалокат расид.

Марги Флойд боиси эътирозҳо бар зидди хушунати полис ва табъизи нажодӣ шуд. Дар навори видео дида мешуд, ки полиси сафедпӯст зонуашро рӯйи гардани Флойди сияҳпӯст гузошта, дар давоми нуҳ дақиқа Флойди 46-соларо пахш мекунад. Президенти ИМА Ҷо Байден ва чанд сиёсатмадори демократ ва симоҳои шинохтаи Амрико аз ҳукми ҳайати доварон истиқбол карданд.

Боздошти сокини Суғд дар Узбекистон бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Бекободи Узбекистон

Як зодаи Тоҷикистон, бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар Узбекистон боздошт шудааст. Хадамоти амнияти миллии Узбекистон бо нашри як гузориш рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки сокини вилояти Суғд ҳангоми убури ғайриқонунии марз дар минтақаи Бекобод бо 24 баста маводи мухаддир дастгир гардид. Аз ин шахс гӯё 5 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 17 кг афюн ва ҳашиш дарёфту мусодира шудааст. Ба ҳисоби мақомоти амниятии Узбекистон, арзиши бори кашфшуда дар бозори сиёҳ метавонад 100 ҳазор долларро ташкил диҳад. Нисбати шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ду зодаи Узбекистон барои ҳамдастӣ дар ин ҷиноят ҷустуҷӯ мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон дар заминаи ин хабар вокунише накардаанд ва маълум нест, ки то куҷо шаҳрванди боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шудааст ё на.

Наздиконаш гуфтанд, 7 даъвогар аз Иззат Амон баргардондани 1 миллион рублро хостаанд

Иззат Амон давоми солҳои зиёд шаҳрванди Русия буд, вале дар шароити норӯшан аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ҷониби пулиси Тоҷикистон дастгир шуд

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, шахсоне, ки иддао доранд, гуё ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз онҳо қарз гирифтаву барнагардондааст, ба 7 нафар расид.

Писари ӯ, Муҳаммадюсуф Холов, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир маблағи қарзи даъвоӣ 1 миллион рубли русиро ташкил медиҳад. Пайвандони фаъоли муҳоҷирон ба дурустии иддаоҳои онҳо шубҳа доранд.

Баъзе аз даъвогарон ба тафтишот гуфтаанд, гуё Иззат Амон дар солҳои 2014 ва 2015 аз онҳо маблағ дарёфт кардаву то ҳанӯз напардохтааст. Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, афроде, ки даъвои маблағ мекунанд, бо навиштани ариза иктифо кардаанд ва дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ, ки тафтишот таъин мекунад, ҳозир намешаванд.

Муҳаббатхон Баллаев, вакили мудофеи Иззат Амон, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки тафтиши парвандаи зерҳимояаш идома дорад ва масъалаи аслӣ пардохти маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ аст. Вакили мудофеъ афзуд: "Ҷараёни тафтишот мунсифона идома дорад. Дар муддати ду моҳ тафтишот мебинад, ки оё боз афроди дигар ариза хоҳанд навист ё не. Ва масъалаи аслӣ барқарор кардани зарар мебошад ва дар ин қазия вакили мудофеи дигар низ аз ҳуқуқи Иззат Амон ҳимоя мекунад."

Иззат Амон рӯзи 25-уми марти имсол дар шаҳри Маскав нопадид шуд ва пас аз ду рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки ӯ бо иттиҳоми "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҷараёни тафтишот ва мунсифона барпо шудани он зери суол аст, чунки аз замони нопадидшавии мармузу дар Душанбе пайдо шудани ин ҳомии ҳуқуқи соҳиби шаҳрвандии Русия ношаффоф гузаштааст.

Боздошти ӯ хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд. Тарафдорони ӯ бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад.

Раиси Кумитаи дин гуфт, "ифтор дар доираи оила гузаронда шавад" ВИДЕО

Ифтори муҳоҷирон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯяд, ифтор бояд "дар доираи оила гузаронда шавад." Ифтор яке аз маросими динӣ аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом мешавад ва то имрӯз қонуни танзим барои он ҳеч маҳдудияте пешбинӣ накардааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин рӯзи 21-уми апрел дар порлумон тағйирот ба қонун дар бораи танзими анъанаро муаррифӣ кард. Давлатзода баъди берун шудан аз ҷаласаи порлумон ба хабарнигорон гуфт, " ифтор бояд танҳо дар доираи оила гузаронида шавад.”

“Меҳмондориро ягон кас манъ кардагӣ нест, ҳама гуна ҷамъомад вобаста ба шароит агар ситод теъдоди иштирокдоронро муайян кунад. Ифтор дар доираи оила аст,”-гуфт раиси Кумитаи дин.

Сулаймон Давлатзода аз ин бештар шарҳ надод ва нагуфт, ки чаро маъракаи ифтор бояд танҳо дар доираи оила гузаронда шавад. Ҳамасола бо фарорасии моҳи Рамазон, ки бештари сокинон дар Тоҷикистон рӯза мегиранд, бархе сокинон маросими ифтор баргузор мекунанд. Тарабхона ва ошхонаҳои пойтахт низ барои гузарондани ифтор ба сокинон шароит пешниҳод кардаанд.

Солҳои қабл барои гузарондани маъракаи ифтор ҳеч маҳдудияте ҷорӣ нашуда буд. Танҳо соли гузашта Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири пандемияи коронавирус ифторро манъ карда буд.

Дар пасманзари манъи додани таом дар бисёре аз маросимҳои динӣ ба монанди «се», «чил», «сол», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ», ифтор аз охирин маросими динӣ аст, ки дар он сокинон ҳақ доранд таом диҳанд. Ҳоло маълум нест, ки муқаррароти "ифтор танҳо дар доираи оила" ба қонуни танзим ворид мешавад ё не.

Ҷарима барои ифтори дастаҷамъӣ бештар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Молдова шаҳрвандии "Попа"-ро рад кард. Тоҷикистон шиносномаи "Табаров"-ро шарҳ намедиҳад

Акси шиносномаҳои қалбакии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдова, ки, бино ба иддаои мақомоти Чехия, аз ҷониби ҷосусони рус - Боширов ва Петров - барои ташкили таркиши анбори силоҳ дар шарқи Ҷумҳурии Чех истифода шудааст

Мақомоти Молдова гуфтанд, ба шаҳрванди Русия Александр Петров бо номи "Николай Попа" шиносномаи Молдоваро надодаанд. Дар ин бора Оҷонси хадамоти давлатии Молдова рӯзи 20-уми апрел изҳорот дод. Пораҳое аз онро хабаргузории русии ТАСС нашр кард. Оҷонси хадамоти давлатии Молдова масъули таҳияи шиносномаҳо дар ин кишвар аст.

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст: "Шаҳрванд бо маълумотнома ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш 18-уми июли соли 1979, дар феҳристи давлатии аҳолии Ҷумҳурии Молдова сабт нашудааст. Шиноснома бо рақами A3194368 ба номи шахси дигар ва санаи таваллудаш дигар дода шудааст."

Масъулони ин ниҳод гуфтаанд, нашри ҷузъиёти дигари марбут ба шиносномаи мазкур бе ризоияти соҳиби санад хилоф бо қонун дар бораи ҳимояти маълумоти хусусӣ мебошад.

Мақомоти Чехия рӯзи 17-уми апрел гуфтанд, шаҳрвандони Русия Александр Петров ва Руслан Боширов ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ дода шудаанд ва онҳо дар таркиши анбори силоҳе дар деҳаи Врбетитсе дар шарқи Чехия даст доранд. Ҳодиса 16-уми октябри соли 2014 иттифоқ афтодааст.

Полиси Ҷумҳурии Чех гуфт, Петров ва Боширов аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Чехия буданд ва шиносномаҳои шаҳрванди Молдова ба номи Николай Попа (санаи таваллуд 18-уми июли соли 1979) ва шаҳрванди Тоҷикистон - Руслан Табаров (санаи таваллуд 23-юми октябри соли 1975)-ро дар даст доштанд.

Боширов ва Петровро гумонбари асосии заҳролудкунии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш дар Бритониё дар соли 2018 медонанд ва иттиҳомоти охири мақомоти Чехия моҷарои нави дипломатии миёни Маскав ва Аврупоро барангехт. Аз ҷумла, аввалин тасмими баъди ин изҳорот ихроҷи 18 дипломати рус ва 20 дипломати чех аз қаламравҳои Маскаву Прага шуд.

Бино ба маълумоти мақомоти амниятии Чехия, Петров ва Боширов аз Русия бо шиносномаҳои русии худ вориди Чехия шуда, шиносномаҳои тоҷикӣ ва молдовиро танҳо ҳангоми вуруд ба анбори аслиҳаи Врбетитсе ба кор бурдаанд. Дар ин замина гуфта мешавад, онҳо аз номаи фармондеҳии Горди Миллии Тоҷикистон истифода карда, ҳадафи худро шиносоӣ бо анвои силоҳ ва муҳиммоти ҷангии мавриди фурӯш номидаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Молдова чаҳор рӯз баъди изҳороти мақомоти Чехия мансубияти шиносномаи шаҳрванди Молдоваро ба гумонбари ташкили таркиш дар Ҷумҳурии Чех рад карданд, дар Тоҷикистон мақомот мегӯянд, ҳанӯз барои шарҳи қазия омода нестанд.

Аз ҷумла, рӯзи 19-уми апрел дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияро аз матбуот шунида мавриди таҳқиқ қарор додаанд. ВКХ гуфт, феълан барои шарҳи хабар омода нестанд ва танҳо баъд аз санҷидани қазия дар ин бора суҳбат хоҳанд кард.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дода шудани ин шиносномаро ба шаҳрванди Русия тасдиқ ё рад накард.

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон баъд аз соли 2018 дар заминаи гуё зодаи Душанбе будани яке аз гумонбарони заҳролудкунии Скрипалҳо - Боширов шарҳе надоданд. Он замон матбуот ошкор кард, ки дар шиносномаи Боширов навишта шудааст, ӯ 12-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, сокини манзиле дар кӯчаи Болшая Набережная дар шаҳри Маскав аст, вале таҳқиқоти журналистон инро тасдиқ накард.

Молдова як ҷумҳурии Шӯравии собиқ аст, ки сиёсати хориҷии аврупогароиро пеша кардааст. Тоҷикистон Русияро як муттафиқи сиёсӣ ва шарики стратегии худ медонад ва ҳар сол ҳудудан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд.

Заҳролудшавии сокинон аз решаи як гиёҳ, ки вазири қирғиз тавсия дод

Вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев.

Баҳсҳо атрофи пешниҳоди президент ва вазири тандурустии Қирғизистон дар бораи табобати коронавирус бо маҳлули решаи гиёҳе аз Иссиқкӯл - "аконит" тундтар мешаванд.

Як мард дар шаҳри Бишкек баъди истеъмоли маҳлули ин гиёҳ заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст. Ду нафари дигар низ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз он гиёҳ бистарӣ ҳастанд.

Дар пайи ин заҳролудшавиҳо фаъолони маданӣ талаб доранд, ки унвони илмии вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев бекор ва зиддаш парвандаи ҷиноӣ кушода шавад.

Рӯзи 15-уми апрел президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки тавассути гиёҳдармонӣ COVID-19 табобат карда шавад. Вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев эътироф кард, ки дар мавҷи дувуми коронавирус гирифторонро бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли Қирғизистон дармон карда, аммо дар ин бора ба беморон иттилоъ надодаанд. Вазир гуфт, аз ин гуна "табобат" даст намекашад.

Рӯзи 19-уми апрел иддае аз вакилони порлумони Қирғизистон нисбати вазири тандурустӣ беэътимодӣ эълом карданд.

Фаъоли мадании қирғиз Умай Арикова зидди вазири тандурустӣ рӯзи 16-уми апрел ба додгоҳ шикоят бурд. Вай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ки ба фаъолияти вазир баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Ҳамин гуна даъво аз сӯи фаъоли ҷамъиятӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар ирсол шудааст. Умай Арикова мегӯяд, амали вазири тандурустӣ ҷиноят аст ва ба амнияти кишвар хатар дорад.

Муовини Назарбоев $1 миллиард дороӣ доштааст

Баурҷон Байбек, шаҳрдори пешини Алмато.

Фаъоли маданӣ Жанболат Мамай дар бораи Баурҷон Байбек, шаҳрдори пешини Алмато ва муовини раиси Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон, ки раҳбари он президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев аст, таҳқиқотеро нашр кард.

Мамай дар видеое, ки бо номи "Ӯ барои шумо Баук нест" дар саҳифаи Ютуби "Қазоқистони демократӣ" нашр шуд, мегӯяд, Байбек ҳангоми раиси бузургтарин шаҳри Қазоқистон будан бо истифода аз як нақшаи фасодкорӣ дар 4 сол беш аз миллиард доллар даромад ба даст овардааст. Ӯ ғайриқонунӣ пули буҷа ва заминҳоеро дар Алмато аз худ карда, соҳиби чандин маркази тиҷорӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ аст.

Ин дороиҳои Байбек дар ҳолест, ки ба гуфтаи Мамай ӯ ҳамеша дар вазифаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ кор карда, расман ба тиҷорат машғул набуд. "Миллиардери бетиҷорати навбатии қазоқ", - меафзояд Мамай.

Худи Баурҷон Байбек таҳқиқоти Мамайро "комилан дуруғ ва туҳмат" номида, гуфт, аз болояш ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Фаъоли мадании қазоқ дар посух Байбекро ба баҳс дар пахши мустақим даъват кард. Вале мансабдори қазоқ ба ин даъват то ҳол посух надодааст.

Дар Тошканд корбарони "Тик-Ток" барои наворгирии тӯй дар метро ҷарима шуданд

Метрои Тошканд. Акс аз бойгонӣ.

Гуруҳе аз корбарони барномаи "Тик-Ток", ки тӯйи арусиеро дар метрои шаҳри Тошканди Узбекистон ба навор мегирифтанд, муҷозот шуданд.

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Узбекистон, гирифтани аксу видео дар метро манъ нест, вале он набояд боиси нақзи тартиботи ҷамъиятӣ шавад.

"Халалдор кардани оромии сокинон дар ҷойи ҷамъиятӣ ва равуо бе ниқоби тиббӣ дар давраи карантин манъ аст", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Зидди корбарони "Тик-Ток" бо бандҳои "Майдаавбошӣ", "Нақзи қоидаи мубориза бо эпидемия" ва "Нақзи қоидаи истифодаи метро" парванда боз гашта, ҳар кадоме дар ҳаҷми 4 нишондиҳанда ҷарима шудаанд. Як нишондиҳанда 245 000 сӯм (23 доллар) аст.

Грета Тунберг ба барномаи COVAX-и СҶТ 100000 евро тақдим мекунад

Грета Тунберг як наврасе аз Шведсия аст, ки бо мавқеи фаъолаш дар заминаи ҳимоят аз муҳити зист маъруф шудааст

Фаъоли масоили муҳитзистӣ Грета Тунберг гуфт, ки аз ҳисоби шахсии худ ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои харидани воксина дар доираи барномаи COVAX 100 ҳазор евро тақдим мекунад. Барномаи COVAX барои таъмини кишварҳои нодор бо воксинаи зидди COVID-19 эҷод шудааст.

Дар нишасти матбуотии СҶТ ин фаъоли масоили муҳитзистӣ кишварҳои сарватмандро танқид кард, ки, ба гуфтааш, ба эмкунии гурӯҳи ҷавону сиҳҳати аҳолии худ шитофтаанд, дар ҳоле, ки дар кишварҳои нодор ҳатто барои афроди осебпазир дар баробари коронавирус воксина намерасад.

Тунберг гуфт, пулҳое, ки ба бунёди хайрияи ӯ ворид мешаванд, аз ҳисоби ҷоизаҳо, тақдимҳо ва ҳаққи нашри китобҳояш ба даст меоянд. Ӯ гуфт, барои фаъолияташ пул намегирад ва бо кори хайрия ҳам машғул намешавад.

Аз замони шурӯи пандемияи коронавирус дар саросари сайёра 142 миллион нафар ба ин вирус олуда шуданд, беш аз 3 миллион нафар даргузашт. СҶТ эмкунӣ ба муқобили COVID-19-ро роҳи муассири пешгирӣ аз ин беморӣ меномад.

Айни замон, баландтарин нишондоди эмшудаҳо дар Исроил, ИМА ва Бритониё ба қайд гирифта шудааст. Дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо суръати эмкунӣ бо кундӣ пеш меравад, чун бо нокифоятии воксинаҳо рӯбарӯ шудаанд.

Барномаи COVAX, ки барои пуштибонӣ аз кишварҳои нодор сохта шудааст, ҳадаф дорад, ки аз ҳисоби СҶТ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба ин кишварҳо воксинаҳоро бепул ирсол кунад. Яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст, ки то ҳол беш аз 190 ҳазор воя ё доза воксинаи зидди коронавирус дарёфт кардааст ва қарор аст се баробар бештар воксинаи дигарро дарёфт кунад. Вале ин миқдор на бештар аз 20 дарсади аҳолии Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бо Русияву Чин имкони дарёфти воксинаҳои сохтаи ин кишварҳоро баррасӣ мекунанд, вале ҳанӯз натиҷае маълум нест. Дар Тоҷикистон, бино бар омори расмӣ 13308 нафар ба коронавирус олуда шуда 90 нафар ҷон додаанд, вале омори воқеӣ метавонад ба маротиб бештар бошад, чунки мақомот дар Тоҷикистон вуҷуди коронавирус ва марги инсонҳо бар асари онро дар оғоз чандин ҳафта пинҳон карданд.

Табибонеро, ки барои дидани Навалний рафта буданд,  ба зиндон роҳ надоданд

20 апрел, зиндони рақами 3-и шаҳри Владимир. Анастасия Василева (аз чап) - табиб ва муттафиқи Алексей Навалний дар пушти дари зиндоне қарор доранд, ки чанд рӯз пеш ба беморхонаи он мунаққиди Кремлинро интиқол доданд.

Гурӯҳи табибоне, ки дар талоши санҷидани саломатии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний мебошанд, дубора ба зиндон роҳ дода нашуданд. Ин дар ҳолест, ки баъди се ҳафта гуруснанишинии Навалний саломатии ӯ бад шуда, табибони ӯ метарсад, ки ҳар лаҳза дили ӯ аз кор мемонад. Анастасия Василева, духтури хусусии Навалний ва раиси Иттиҳоди табибони Русия рӯзи 20 апрел гуфт, ки гурӯҳи мутахассисони тиб пушти дари зиндон рафта дархост карданд, ки онҳоро барои дидани Навалний роҳ диҳанд, вале дар пушти дари зиндон соатҳо бенатиҷа интизор монданд. Ӯ гуфт, баъдан ба онҳо гуфтанд, ки соати 8-и субҳ бо шиносномаҳояшон баргарданд. Василева дар Твиттераш навишт: «Моро ба дохил роҳ надоданд».

Дар миёни табибоне, ки хостори муоинаи саломатии сахттарин мунаққиди президенти Русия Владимир Путин шуданд, аз ҷумла, як духтури умумӣ ва як духтури дил мебошанд. Онҳо ҳафтаи гузашта дар номае ба унвонии раёсати низоми зиндонҳо дархост карда буданд, ки онҳоро барои муоинаи Навалний роҳ диҳанд.

Дар пасманзари моҷароҳои ҷосусӣ, ВКХ Русия сафири Булғористонро даъват кард

Анастас Крастин, сафири Булғористон дар Русия

Бо гузашти як моҳ аз ихроҷи ду дипломати рус аз шаҳри София, сафири Булғористон дар Маскав ба вазорати хориҷаи Русия даъват шуд. РИА Новости гуфт, ки ин мулоқот 20-уми апрел барпо гардид. Вазорати хориҷаи Булғористон рӯзи 22-юми март ду дипломати русро “персона нон грата” ё “шахсони мамнӯъ-ул-вуруд” номид ва ин қарорро ба фаъолиятҳои “номуносиб” бо мақоми дипломатии онҳо рабт дод.

Он замон сафорати Русия қарори мақомоти Булғористонро “бепоя” номид ва гуфт, ки ҳақи худ барои интиқом гирифтанро ҳифз мекунад. Булғористон бо Русия равобити наздики фарҳангӣ, таърихӣ ва иқтисодӣ дорад ва як шарики калидии энержии ин кишвар ба шумор меравад. Вале чандин моҷарои ҷосусии ахир равобити Маскаву Софияро халалдор кардааст.

Ҳафтаи гузашта исми як тоҷири силоҳ аз Булғористон дар моҷарои нави дипломатии миёни Прага ва Маскав ёд шуд. Мақомоти Ҷумҳурии Чех рӯзи 17-уми апрел ҷосусони низомии Русияро ба таркиши маргбори анбори силоҳе дар соли 2014 дар хоки кишварашон рабт доданд. Дар ин таркиш ду нафар кушта шуд.

Рӯзи 19-уми март мақомоти Булғористон дар НАТО гуфтанд, ки як гурӯҳи ҷосусонеро ошкор карданд, ки ба Русия асрори низомӣ медод.

Додситонҳо гуфтанд, ки шаш нафар, аз ҷумла афсарони собиқ ва амалкунандаи низомӣ бо иттиҳоми таъмин кардани сафорати Русия дар София бо иттилои махфии низомӣ дар бораи Булғористон, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо боздошт шуданд.

Додгоҳи низомии София амр дод, ки панҷ нафари онҳо дар боздошт бимонанд ва як гумонбари дигар бо гаравпулӣ озод шуд.

Аз октябри соли 2019 кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО панҷ дипломат ва кормандони сафорати Русияро барои фаъолиятҳои ҷосусӣ аз хокашон берун кардаанд.

Дар паи  ҳамлаҳои Толибон дар шимол ва ғарби Афғонистон 12 нафар кушта шуд

19 апрел, вилояти Қандаҳор. Дар бомбаи ҷогузоришуда мошини як фармондеҳи маҳаллии таркид

Мақомот гуфтанд, ки дар паи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи шаби 20-уми апрел, дастикам 12 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон кушта шуданд. Дар ҳамлае, ки ба посгоҳи амниятии ноҳияи Зебоки вилояти шимолии Бадахшон рух дод, дастикам ҳашт ходими полис кушта ва ду нафар маҷрӯҳ шуданд. ТВ “Тулӯъ Нюс” хабар дод, ки дар ин ҳамла чанде аз ҳамлагарон ҳам кушта шуданд. Дар вилояти ғарбии Ҳилманд ба иттилои мақомот, дастикам ду узви нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Дар як таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди қароргоҳи полиси Ғориён дастикам 15 нафар маҷрӯҳ шуданд. Раҳбарияти вилояти Ғазнӣ гуфт, дар миёни маҷрӯҳон тахминан даҳ фарди мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон мебошанд. Дар натиҷаи ин таркиш чор манзил хароб шуда, бисёр дигар хонаҳо қисман осеб диданд. Полис гуфт, ки дар шаҳри Кобул як афсари артиш ва ронандааш аз тири ҳамлагарони ношинос кушта шуданд.

Масъулияти таркиши мошин ва ҳам ҳамла ба посгоҳро Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Мақомоти ҳукуматӣ ҳам масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯши Толибон вогузор карданд.

Ихроҷи сафири Фаронса аз Покистонро ба овоздиҳии парлумон мегузоранд

25 июни соли 2020. Нахуствазири Покистон Имрон Хон дар назди парлумон суханронӣ мекунад

Вазири умури дохилии Покистон гуфт, ки дар паи эътирозҳои пурхушунати исломгароён ба муқобили Фаронса, ҳукумати Покистон мавзӯи ихроҷи сафири Фаронсаро аз хокаш ба овоздиҳии парлумон мегузорад. Ихроҷи сафири Фаронса аз кишвар як талаби асосии ҳизби ифротгарои “Таҳрики Лаббайки Покистон” аст, ки давоми моҳҳои дароз зидди нашри карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар дар Фаронса эътирозҳо ташкил кардааст. Ин гурӯҳ аз ҳукумат талаб намуд, ки то 20-уми апрел сафирро аз хоки кишвар берун кунанд. Феълан раҳбарияти худи ҳизб барои шарҳи таҳаввулоти ахир дастрас нест. Баъди он ки соли гузашта президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз ҳақи маҷаллаи ҳаҷвӣ дар заминаи бознашри карикатураҳои Муҳаммад пайғамбар ҳимоят кард, ҳизби “Таҳрики Лаббайки Покистон” мардумро ба хиёбонҳо бароварда зидди ин амали, ба қавли ҳомиёни дини Ислом куфр, эътирозҳо барпо намуд. Дар задухӯрди ахири миёни эътирозгарон ва полис дастикам се нафар кушта шуд. Сафорати Покистон аз шаҳрвандонаш тақозо кардааст, ки хоки Покистонро тарк кунанд.

Як фаъоли ҷамъиятӣ дар Қазоқистон ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд

20 апрел, Муродбой Боймагомбетов

Додгоҳе дар ҷануби Қазоқистон ба як фаъоли ҷонибдори ҷумбиши мамнӯи “Интихоби демократии Қазоқистон” ҳукми ҳабси шартӣ содир кард. Ӯ яке аз чандин фаъолоне мебошад, ки барои пуштибонӣ аз созмони мамнӯъ ҳукм мегирад. Додгоҳи рақами 2-и воқеъ дар шаҳри ҷанубии Қизилорда рӯзи 20-уми апрел Муродбой Боймагомбетовро ба ду соли ҳабси шартӣ ва 170 соат кори ҷамъиятӣ маҳкум кард. Боймагомбетов, ки сентябри порсол боздошт шуд, дар сӯҳбат бо Бахши Қазоқии радиои Озодӣ гуфт, ки аз болои ин ҳукм шикоят мекунад. Боймагомбетов дар минтақа ба ҳайси фаъоли ҷамъиятӣ шинохта шудааст ва баъди боздошти ӯ созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқ ӯро зиндонии сиёсӣ эълон карданд.

Дар Қазоқистон солҳои охир чандин фаъоли сиёсиву ҷамъиятӣ барои пуштибонӣ аз ҷумбиши мамнӯи “Интихоби демократии Қазоқистон” ва шарикаш – ҳизби “Коше” (“Кӯча”) барои ширкат дар тазоҳуроти хиёбонӣ бо ҳукми додгоҳҳо ба маҳдуд шудани озодиҳояшон маҳкум шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон хост, дар табобати коронавирус доруҳои исботнашуда истифода нашаванд

Қирғизистон. Беморхонаи гирифторони COVID-19

Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон нусхаи 5-уми дастурамал оид ба ташхис ва табобати мубталоёни коронавируси навро нашр кард.

Дар миёни тавсияҳо барои табобати коронавирус номи решаи гиёҳе аз Иссиқкӯл, ки пештар вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев пешниҳод карда буд, дида намешавад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, табибон ҳангоми табобат набояд аз доруҳое истифода баранд, ки коромодии онҳо тасдиқи худро наёфтааст. Ба гуфтаи масъулони вазорат, умифеновир (арбидол), имидазолилпантонамид (ингавирин), эргоферон, интерферони алфа (интерферон, виферон), энисомия йодид (амизон, амизончик, нобезит), полиоксидоний ва инозин аз зумраи чунин доруҳо ҳастанд.

Тавсияи доруҳои дексаметазон, преднизолон, гидрокортизон, химсмеси, теофиллин, эуфиллин, калтсия хлориду оселтамивир дар ҳолатҳои сабук ва миёнаи коронавирус манъ карда шудааст.

Рӯзи 15-уми апрел президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки тавассути гиёҳдармонӣ COVID-19 табобат карда шавад. Вазири тандурустии он кишвар Олимқодир Бейшеналиев эътироф кард, ки дар мавҷи дувуми коронавирус гирифторонро бо решаи гиёҳе аз Иссиқкӯли Қирғизистон дармон карда, аммо дар ин бора ба беморон иттилоъ надодаанд. Вазир гуфт, аз ин гуна "табобат" даст намекашад.

Рӯзи 19-уми апрел иддае аз вакилони порлумони Қирғизистон нисбати вазири тандурустӣ беэътимодӣ эълом карданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG