Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райдиҳӣ барои номзадҳо дар 13 аёлати Амрико


Райдиҳандагон дар 13 аёлати Амрико 1 март барои номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз ҳизбҳои Демократ ва Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи муқаддамотии ҳизбӣ рай медиҳанд. Ин рӯзро дар Амрико “сешанбе бузург” ном ниҳодаанд.

Демократҳо дар 11 аёлат аз ду номзади пешсаф, яъне Ҳилларӣ Клинтон ва сенатор Барнӣ Сандерс якеро интихоб мекунанд. Райи ин аёлатҳо аз се як ҳиссаи ҳамаи райҳоро дар бар мегирад, ки ҳар номзад барои пирузӣ дар интихоботи ҳизбӣ ба он ниёз дорад.

Райдиҳӣ дар аёлатҳои Алабама, Арканзас, Колорадо, Ҷеорҷиа, Массачусетс, Миннесота, Оклаҳома, Теннесӣ, Техас, Вермонт ва Вирҷиниа баргузор мешавад.

Ҷумҳурихоҳон низ барои 5 номзади боқимондаи ҳизбии худ дар ҳамин аёлатҳо рай медиҳанд. Онҳо дар ду аёлати дигар дар Аляска ва Виоминг низ райдиҳӣ доранд.

Назрхоҳиҳо нишон медиҳанд, ки Доналд Трамп-номзади пешсафи ҷумҳурихоҳон мумкин аст дар ҳамаи аёлатҳои номбаршуда, ба ҷуз аз Техас, баранда шавад. Техас зодгоҳи сенатор Тед Круз аст.

XS
SM
MD
LG