Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ: Бо тундравҳо музокира намекунем


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Се бамгузории маргталабона дар Афғонистон, ки рӯзи 27 феврал рух дод ва 28 нафарро кушта бар ҷой гузошт, дурнамои музокироти сулҳи миёни Кобул ва Толибонро зери суол бурдааст.

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ҳукумати вай бо ҳеҷ як аз гурӯҳҳои тундрав, ки мардуми бегуноҳи Афғонистонро мекушанд, музокира анҷом намедиҳад, балки баръакс нируҳои амниятӣ бар зидди террористҳо амалиёти худро тақвият медиҳанд.

Ин суханони Ашраф Ғанӣ 28 феврал баъд аз як рӯзи таркиши вилояти Кунар садо дод, ки дар он 13 нафар ба қатл расиданд. Баъд аз чанд соати ин таркиши маргталабона Толибон иддао карданд, ки дар таркиши назди вазорати дифои Афғонистон 15 нафар кушта шудаанд.

Намояндагони Афғонистону Покистон ва Амрикову Чин талош доранд, тодар ҳафтаи авали моҳи март дар Исломободи Покистон бо Толибон музокироти сулҳро оғоз кунанд.

XS
SM
MD
LG