Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани Гулмурод Ҳалимов бо 4 кӯдакаш ба Сурия рафтааст


Ҳумайро Мирова дар яке аз нишастҳои матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Ҳумайро Мирова дар яке аз нишастҳои матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ҳумайро Мирова, сухангӯи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки аз ӯ ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов ном бурда мешавад, бо чор кӯдакаш ба Сурия рафтааст.

Ҳумайро Мирова, собиқ корманди Хадамоти матбуотии ВКД ва сухангӯи собиқи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, бо чаҳор фарзандаш ба Сурия рафтааст.Мақомот пайвастани ӯ ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро тасдиқ мекунанд. Ба гуфтаи наздикони ​Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН - воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Ҳумайро Мирова ҳамсари дувуми ин полковники фирории тоҷик буд.

Хонум Мирова то як соли пеш сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон буда, рутбаи ҳарбии капитан дошт. Ҳатто пас аз фирори Гулмурод Ҳалимов низ ӯ дар Хадамоти гумрук кор мекард ва ба гуфтаи ҳамкоронаш, касе ба ӯ кор надошт.

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 26 феврал ба мо гуфтанд, ки наздики ҳашт моҳи пеш Мирова барои таваллуди фарзанд ба рухсатӣ баромада буд ва то ҳол ҳеч иттилоъ аз ӯ дар даст надоранд.

Мақомот мегӯянд, санаи пайвастани Ҳумайро Мирова ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” маълум нест, вале санҷишҳо нишон додааст, ки ҳоло ӯ дар Сурия қарор дорад. Гулмурод Ҳалимов, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, гӯё дар Ироқ қарор дорад ва маълум нест, ки бо кадом ҳадаф хонум Мирова ба Сурия рафтааст.

Ҳумайро Мирова ба ҳайси корманди Хадамоти матуботии Вазорати корҳои дохилӣ аз соли 2008 корро шурӯъ кардааст. Ӯ замони кор дар ВКД бо Гулмурод Ҳалимов, ки он замон дар дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН кор мекард, шинос шуда, бо ӯ ҳамчун ҳамсари дувум издивоҷ мекунад.

Гулмурод Ҳалимов, ки 23 апрели соли 2015 нопадид шуда, пас аз як моҳ бо нашри як навори видиоӣ пайвастани худ ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро тасдиқ кард, аз ду ҳамсар 8 фарзанд дорад. Ӯ баъди пайвастанаш ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар пайи ду ҳамлаи ҷудогона маъюб шуда, тибқи итттилои мақомоти вазорати корҳои дохилӣ, ба “Давлати исломӣ” "нодаркор" шудааст ва ҳар моҳ 100 доллар нафақа мегирад.

Ба гуфтаи бархе манобеъ, Гулмурод Ҳалимов пас аз маъюб шуданаш дар Ироқ бо як ҷавонзани 29-солаи тоҷик издивоҷ кардааст. Ин зани тоҷик қабл аз Гулмурод Ҳалимов чаҳор бори дигар шавҳар карда, вале шавҳаронаш дар ҷангҳои Ироқ кушта шудаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар нахустин вокуниши расмии худ дар робита ба "Давлати исломӣ" пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард. Додситонӣ дар як иттилоияи расмӣ гуфт, рӯзи 28 май алайҳи фармондеҳи ОМОН бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (Иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) парванда боз шудааст.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то кунун ҳудуди 1000 шаҳрванди кишвар барои иштирок дар ҷангҳо ба Ироқу Сурия рафта, то ин дам хабари марги дастикам 148 нафари онҳо ба даст расидааст.

XS
SM
MD
LG