Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди матбуоти тоҷик бе тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ мегузарад


Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, имсол ба таври истисно ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ на дар рӯзи Иди матбуоти тоҷик, балки дар ҷашни 25-солагии истиқлоли кишвар супурда хоҳад шуд.

Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ягона ҷоизаи рӯзноманигорони тоҷик, ки ҳар сол 11 март дар рӯзи таҷлил аз Иди матбуот ба барандагонаш тақдим мешуд, имсол рӯзи 9 сентябр ба дасти соҳибонаш хоҳад расид. Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар 26 феврал ба Озодӣ гуфт, ба хотири шаффоф сурат гирифтани ҷараёни баррасиии кори кумисюни ҷоизаи Лоҳутӣ ва бо назардошти кам мондани фурсат то Иди матбуот тақдими ҷоиза ба арафаи Рӯзи истиқлол гузошта шудааст.

Ӯ гуфт, “мо мехоҳем, ки ҷоиза ба соҳибони шоистаи худ бирасад ва одилона баррасӣ шавад. Барои ин вақт зарур аст.”

Аммо Зинатулло Исмоилзода гуфт, ин ба маънои он нест, ки ҷоизаи Лоҳутӣ аз ин ба баъд дар рӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон тақдим карда хоҳад шуд. Ӯ афзуд, “ин ба таври истисно ҳаст ва дар соли баъдӣ тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ боз дар моҳи март сурат хоҳад гирифт.”

Ин тасмим дар ҳолест, ки ҳамагӣ як моҳи пеш раҳбари нави Иттиҳодияи журналистон интихоб шуда, ҳоло ин созмон тасмим гирифтааст, тамоми аъзояшро аз нав сабтином бикунад. Тайи даҳ соли охир ин иттиҳодияро Акбари Саттор роҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи августи соли гузашта дар синни 50 аз олам даргузашт.

Ҳар сол Иттиҳодияи журналистони барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ озмун эълон мекунад ва довталабон мақолаҳо ё маводи чопии худро барои иштирок ба озмун ба ин иттиҳодия месупоранд. Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

То замони касби истиқлоли Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5 май, рӯзи нашри рӯзномаи “Правда” - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд. Аммо дар соли 1994 бо пешниҳоди равшанфикрони Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик, 11 март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. “Бухорои шариф” бори аввал 12 марти соли 1912 чоп шуда буд.

Нахустин шумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрия бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11 марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад.

Асосгузори нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд. Ин нашрия пас аз чопи 153 шумора дар 1-уми январи соли 1913 аз чоп монд. Аммо нашри "Бухорои шариф" заминаро барои рӯи чоп омадани маҷаллаву рӯзномаҳои дигари тоҷикӣ, аз ҷумла “Шӯълаи инқилоб” ва "Овози тоҷик" фароҳам кард.

XS
SM
MD
LG