Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 метр нақби "Шаҳристон" тахриб шудааст


Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асари заминларзаҳои охир 14 метр нақби "Шаҳристон" хароб шудааст. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёт, рӯзи 23 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, феълан мутахассисон ба таъмиру васлсозӣ ва барақароркунии сементҳои девори нақб машғул ҳастанд.

Ӯ афзуд, "сутунҳои оҳании туннел зарар надидаанд. Фақат сементҳои он фурӯ рехтаанд. Ҳоло ҷадвали махсуси ҳаракати мошинҳо тартиб дода шудааст. Мошинҳои борбари калон ҳангоми шаб ҳаракат мекунанд ва ба хотири халал нарасидан ба ҷараёни таъмиру васлсозӣ рӯзона мошинҳо аз гузаргоҳи эҳтиётӣ ё шамолгузар убур мекунанд."

Туннели "Шаҳристон" дар 180-километрии роҳи Душанбе-Чаноқ қарор дошта, сохтмонаш моҳи августи соли 2006 оғоз ва моҳи октябри соли 2012 ба анҷом расидааст. Ин нақб, ки 5 километру 253 метр дарозӣ дорад, бо харҷи 430 миллион сомонӣ қарзи давлати Чин бунёд шудааст. Ин нақб дар якҷоягӣ бо нақби "Истиқлол" манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо маркази пойтахт наздиктар месозад.

XS
SM
MD
LG