Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гитлер" баъди ду ҳафтаи барканорӣ ба ҳабс гирифта шуд


Аҳмадҷон Усмонов, ки миёни сокинон бештар бо лақаби "Гитлер" маъруф аст, боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ дар аввали моҳи феврал аз мақомаш барканор шуда буд.

Аҳмадҷон Усмонов, раиси собиқи вилояти Тошканд, ки сокинон ба далели сангдилияш ба ӯ лақаби "Гитлер"-ро гузоштаанд, боздошт шудааст. ​Бино ба иттилои манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ, рӯзи 21 феврал кормандони ниҳодҳои қудратии Узбакистон Аҳмадҷон Усмоновро бо худ бурдаанд.

Ин манобеъ гуфтаанд, ки Усмонов ба гумони "содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ, суистифода аз ваколати хидматӣ, таъини кадрҳо бар асоси хешутаборӣ ва ришвахорӣ" боздошт шуда ва дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон нигаҳдорӣ мешавад.

Аҳмадҷон Усмонов рӯзи 4 феврал дар ҷаласаи вакилони халқи Тошканд аз раҳбарии ин вилояти Узбакистон барканор шуд. Сабаби барканории ӯ расман эълон нагардид, аммо як манбаи Озодӣ гуфта буд, ки раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар ин ҷаласа аз кори ҳоло ҳокими собиқи Тошканд интиқод кардааст. Усмонов зодаи шаҳри Самарқанд буда, рутбаи генерал-майори милисаро дорад ва баъд аз ҳодисаҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 ҳокими вилояти Андиҷон таъин шуд ва то соли 2013 дар ин мақом буд. Баъдан ба раёсати вилояти Тошканд расида, аммо дар он ҷо дер напоид.

Пештар аз ин, ӯ ба ҳайси сардори раёсати корҳои дохилии ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах кор кардааст. Бархе аз сокинон ӯро нафари хеле сангдил меноманд ва нашрияи интернетии "Узметроном" баъди барканорияш навишт, ки дар замони раҳбарии ӯ дар Андиҷон боздоштҳо ба авҷи аълои худ расида ва баъдан мардум лақаби "Гитлер"-ро додаанд. Бо сокинони вилояти Тошканд низ вай ҳамин муомиларо идома додааст.

"Узметроном" менависад, Аҳмадҷон Усмонов, ки ба итоати бечунучарои атрофиёнаш одат карда буд, ахиран яке аз сокинони ноҳияи Қибрайро бо номи модараш дашном додааст. Дар посух ин сокини ноҳия бо ҳоким даст ба гиребон шудааст.

"Вай бо ҳама бо "ту-ту" ҳарф мезад ва ҳатто деҳқонони 80-соларо дашном медод. Мардумро ғулом медонист ва ба ҳамин хотир тақрибан ҳама аз вай норозӣ буданд. Мо Худоро шукр мегӯем, ки аз ин ҳоким халос шудем," - гуфт яке аз деҳқонҳо дар суҳбат бо Озодӣ.

Ӯ афзуд, "вақте Усмоновро аз мақоми раисии Андиҷон гирифтанд, яке аз дӯстони кишоварзам чил рӯз ба ин муносибат тӯй дод. Ман ҳам ба ин хулоса омадам, ки ба муносибати аз мақоми раиси вилояти Тошканд рафтани Усмонво як гӯсфанд бикушам. Дар тамоми се соли раҳбарии ӯ тамоми кори мо ба оқиб афтод. Ҳатто соли гузашта ӯ ғаллаҳоеро, ки баъди адои нақшаи давлат монда буд, аз мо кашида гирифт."

Қаблан расонаҳо Аҳмадҷон Усмоновро дар қатори Адҳам Аҳмадбоев - вазири умури дохилӣ, Шавкат Мирзиёев - сарвазир, Рустам Азимов - муовини якуми сарвазир ва вазири молия аз атрофиёни наздиктарини президент Ислом Каримов ном мебурданд.

Ҳоло Содиқ Абдуллоев иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Тошканд таъин шудааст. Ӯ дар гузашта раҳбарии вилояти Зангиотаро бар дӯш дошт. Номзадии Абдуллоев аз сӯи Ислом Каримов пешниҳод шуда, рӯзи 4 феврал дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вакилони халқӣ таъйид шудааст.

XS
SM
MD
LG