Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Илҳом Алиев аз Эрон


Рӯзи 23 феврал Илҳом Алиев -- раисиҷумҳури Озарбойҷон бо як дидори расмӣ вориди Эрон хоҳад шуд. Баъд аз лағви таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон дар аввали соли ҷорӣ ин нахустин дидори раҳбари як кишвари хориҷӣ аз Теҳрон хоҳад буд.

Дар назар аст, дар ин дидор дар канори тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба тарҳи муштараки интиқоли нафту газ ба Аврупо низ матраҳ шавад. Дар ҷараёни ин сафари раисиҷумҳури Озарбойҷон 10 санади ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар имзо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG