Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари "Зафар Бедняк": Дар қатли ӯ се каси дигар ҳам даст доранд


Зафар Азимов, маъруф бо лақаби "Зафар Бедняк"
Зафар Азимов, маъруф бо лақаби "Зафар Бедняк"

Бино ба иддаои хонаводаи Зафар Азимов, маъруф бо лақаби "Зафар Бедняк", дар қатли ӯ ба ҷуз аз Обид Мақсудов боз се нафари дигар даст доштаанд. Обид Мақсудов боздошт шуда, ҳоло таҳти табобат қарор дорад.

Хонаводаи Зафар Азимов, маъруф бо лақаби "Зафар Бедняк", иддао доранд, ки дар қатли ин тоҷири тоҷик ба ҷуз аз Обид Мақсудов, писари Эмом Мақсудов (Эмом-хубак) - раиси корхонаи кабелсозии Душанбе, боз се тани дигар даст доранд.

Дилшод Сафаров, бародари Зафар Азимов, рӯзи 22 феврал дар сӯҳбати видеоӣ бо Озодӣ гуфт, ки аз мақомоти интизомӣ талаб доранд, то афроди боқимондаро низ боздошт ва ба ҷавобгарӣ бикашанд. Ӯ гуфт, "дар қатли додарам ба ҷуз аз Обид Мақсудов се каси дигар гунаҳкоранд. Онҳо баъд аз ҳодиса фирор кардаанд. Шахсияти ҳамаи онҳо барои мо маълум нест. Вале бояд мақомот инро дақиқ кунанд. Чунки он шаб бародари ман ҳамроҳи як дӯсташ буд ва ӯ дар бораи ҳамроҳони Обид Мақсудов хабар дод."

Дилшод Сафаров
Дилшод Сафаров

Дар ҳамин ҳол, бархе аз манобеъ дар вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22 феврал ҳарчанд даст доштани афроди зиёд дар ин ҳодисаро тасдиқ ё рад накарданд, вале гуфтанд, ки ҷустуҷӯи як ҳамроҳи Обид Мақсудов идома дорад. Рӯзи 19 феврал, як рӯз баъди куштори Зафар Азимов, мақомоти умури дохилӣ гуфта буданд, ки Маъруфҷон Асоевро ба унвони шарики Обид Мақсудов таҳти пайгард қарор додаанд.

Худи Обид Мақсудов баъди як рӯзи ҳодиса боздошт шуда, бино ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ дар табобат қарор дорад. Дар аксҳое, ки вазорати корҳои дохилӣ дар сомонаи расмияш нашр кард, дида мешавад Обид Мақсудов дар кати беморӣ хобидааст. Вале вазорат шарҳ надодааст, ки Мақсудов чӣ осебе дида ва бояд то чанд муддат дар бемористон бимонад.

Ҳодисаи куштори Зафар Азимов шоми 18 феврал рух дод ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон як рӯз баъд дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки "Азимов Зафархон бо шаҳрванд Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984 сокини кӯчаи Борбад, дар назди боғи «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо ҳам муноқиша намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ, шаҳрванд Мақсудов О. бо олоти бо худ дошта, аз қисмати дил шаҳрванд Азимов Зафархонро захмӣ менамояд."

Обид Мақсудов
Обид Мақсудов

Обид Мақсудови 32-сола писари севуми Эмом Мақсудов, директори корхонаи кабелсозии Душанбе аст ва ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, доғи судӣ дошта ва қаблан бо ҷурми авбошӣ ҳабс шудааст.

Зафар Азимов, ки аз зарби корди Обид Мақсудов ба ҳалокат расид, 38 сол дошта, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Шамсиев шаҳри Душанбе будааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ Зафар Азимов 4-5 бародар доштааст ва дар "Корвон" -- бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон соҳиби фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои молу маҳсулот будаанд.

Вай ҳамчунин ба Эмом Мақсудов риштаи хешу таборӣ доштааст ва ба гуфтаи яке аз соҳибкорон, ҷанҷоли онҳо бар сари муомилоти пулӣ сурат гирифтааст. Вале Дилшод Сафаров гуфт, ки аз додугирифти пулии миёни бародараш ва Обид Мақсудов иттилои дақиқ надоранд, вале гумон мекунанд, ки ин ҳодиса аз рӯи хусумати шахсӣ сурат гирифтааст.

Ӯ афзуд, "дар бораи қарздориашон намедонем. Вақте ин ҳодиса шуд, як гап ба мо расид, ки гуфтанд, барои кадом коре бародари моро туҳмат зада ва парванда кушоданӣ будаанд. Вале ба ҳадафи худ намерасанд ва зоҳиран ҳодиса баъди бигӯмагӯҳо дар ин бора сар задааст."

Ҷасади ин тоҷири тоҷик рӯзи 19 феврал дар зодгоҳаш - ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба хок супурда шуд. Аз ӯ се фарзанд боқӣ мондааст.

Бародари "Зафар Бедняк": Дар қатли ӯ се каси дигар ҳам даст доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

XS
SM
MD
LG