Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Русия вориди Теҳрон шуд


Сергей Шойгу-вазири дифои Русия 21 феврал барои боздид вориди Теҳрон-пойтахти Эрон шудааст. Вай бо Ҳусейн Деҳгон-вазири дифои Эрон дидор ва гуфтугӯ анҷом медиҳад.

Боздиди Шойгу аз Теҳрон ҷавобе ба боздиди Деҳгон аз Маскав аст, ки 16 феврал сурат гирифта буд. Дар ҷараёни боздиди Маскав ҷонибҳо иҷрои мувофиқатномаҳои моҳи январи соли 2015-ро баррасӣ карданд.

Эрон мехоҳад аз Русия бахши нави мушакҳои ҳавоии С-300 бигирад. Владимир Кожин-ёвари раиси ҷумҳури Русия барои ҳамкориҳои фаннӣ ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки “қарордод дар бораи мушакҳои ҳавоии С-300 дар ҳоли иҷрост ва масъалаи пардохти онҳо баррасӣ мешавад”.

XS
SM
MD
LG