Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи маҳаллии Толибон дар Навобод боздошт шуд


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Муҳаммад Саид Ризо-фармондеҳи яке аз гурӯҳҳои Толибони Афғонистон боздошт шудааст. Муҳаммад Саид Ризоро Толибон раҳбари вулусволии Чаҳордари вилояти Қундузи Афғонистон таъйин карда буданд.

Бино ба хабари вазорати корҳои дохилаи Ағонистон, ин фармондеҳи Толибонро нируҳои вижаи вазорат шоми шанбе, 20 феврал дар маҳале бо номи Навобод дар шаҳри Маҳмуд Ракӣ-маркази идории вилояти Кописо дар ҷараёни амалиёти низомӣ боздошт кардаанд.

Бино ба хабарҳо, ин фармондеҳи боздоштшудаи гурӯҳи тундрави Толибон дар вулусволии Чаҳордар ва дар вулусволии дигари Қундуз-вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон дар як силсила аъмоли террористӣ даст доштааст.

XS
SM
MD
LG