Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек ба сарбадири рӯзнома ҳамла карданд


Дар шаҳри Бишкек-пойтахти Қирғизистон ба Турат Акимов-сардабири рӯзномаи "Деньги и власть" ё “Пул ва ҳокимият” ҳамла сурат гирифтааст. Дар ин бора хабаргузориҳо аз қавли дафтари матбуотии раёсати вазорати корҳои дохила дар Бишкек хабар додаанд.

Дар ин хабар омадааст, “шаби шанбе Акимов савори мошин ба хонаи худ дар қисмати ғарбии шаҳр дар наздикии бозори Кудайберген раҳсипор буд. Дар роҳ шахси номаълум ба вай ҳамла кардааст.

Ҳамлакунанда ба сари вай бо арматур чанд зарба задааст. Ба Акимов ҳамлакунанда суханони таҳдидомез нагуфтааст, вале вақте ки ба муқовумат шурӯъ кардааст, ҳамлакунанда роҳи фирорро пеш гирифтааст. Акимов чеҳраи ҳамлакунандаро дар ёд надорад.

Акимов ин ҳамларо бо фаъолияти сиёсии худ иртибот медиҳад ва баъзе гумонбаронро низ номбар кардааст.

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур расидагӣ ба ин ҳодисаро ба назорати шахсии худ гирифтааст ва ба Мелис Турғунбоев-вазири корҳои дохилаи кишвараш супориш додааст, ки барои дастгир кардани гунаҳгорон тадбирҳои фаврӣ андешида шавад.

XS
SM
MD
LG