Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти дуюм аз болои Иван Благой


Ба додситонии шаҳри Берлин шикояти дуюм аз болои журналисти шабакаи аввали телевизиони Русия Иван Благой ворид шуд. Дар сурати исбот шудани гуноҳи хабарнигори сокини шаҳри Берлин дар иғвоангезӣ, ӯро то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад. Як сарраёсати додситонии шаҳри Берлин гуфт, ки ба унвонии онҳо шикояти дуюм аз болои Иван Благой ворид шуд ва он хабарнигорро дар пахши хабаре муттаҳам мекунад, ки боиси таҳрики эҳсосоти бадбинӣ дар нисбати муҳоҷирон дар Берлин шудааст. Адвокат Мартин Лютле дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 16 феврал гуфт, ки аз ҳуқуқи ходими полис Волф Райсҳер ​намояндагӣ ва журналист Иван Благойро барои тӯҳмати полиси олмонӣ муттаҳам мекунад. Дар гузорише, ки рӯзи 16 январ дар телевизиони “Первый канал” пахш шуд, Благой дар бораи сарнавишти духтарчаи 13-солаи немиси русзабоне бо номи Лиза гузориш дод ва гуфт, ки ин наврас аз ҷониби муҳоҷирон рабуда ва таҷовуз шудааст. Баъдан худи ин духтарак гуфт, ки ин маълумот дуруст набуд ва ӯ дар хонаи як дӯсташ шабро рӯз карда ҳеҷ равобити ҷинсие ҳам надошт. Ин гузориш боиси як эътирози зиддимуҳоҷирон шуд ва дар равобити миёни Маскаву Берлин танише эҷод кард. Баъди ин рӯзи 22 январ ба додситонӣ шикояти аввал аз болои журналист Иван Благой ворид шуд, ки хабарнигорро дар барангехтани адоват дар нисбати муҳоҷирон муттаҳам мекард. Ҳоло додситонии Берлин мегӯяд, ки ин шикоятҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода бояд тасмим гирад, ки то куҷо иттиҳом метавонад дар додгоҳ баррасӣ шавад. Дар сурати тасдиқи гуноҳи Благой дар иғвоангезӣ дар додгоҳ, ӯ метавонад то 5 сол равонаи зиндон шавад.

XS
SM
MD
LG