Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷазираҳои даъвоӣ Чин мушакҳои худро ҷо кард


Тибқи гузоришҳо, ҳукумати Чин дар ҷазираи баҳсии воқеъ дар баҳри ҷанубии Чин мушакҳои зиддиҳавоиро мустақар кардааст. Тайван рӯзи 17 феврал гуфт, ки Чин шумори номуайяни мушакҳоро дар ҷазираи Вудӣ воқеъ дар маҷмӯаи ҷазираҳои Парасел ҷо карда гуфтааст, ки “таҳаввулоти ахирро аз наздик мушоҳида хоҳад кард”. Нахустин шуда дар ин бора телевизиони Fox News хабар дод ва баъдан як мақоми вазорати дифои Амрико ҳам эҳтимоли истиқрори мушакҳои чиниро дар ҷазираи даъвоӣ тасдиқ кард. Дар аксҳои маҳвораӣ, ки аз ҷониби ин шабакаи телевизионӣ нашр шуд, дида мешавад, ки дар ҷазираи Вуд ду батареяи иборат аз 8 мушаки зидиҳавоӣ ҳамроҳ бо як системаи радар гузошта шудааст. Ин ҷазира ҷузве аз қаламравҳои баҳсӣ миёни Чин, Тайван ва Виетнам аст, ки обҳои атрофи ҷазираҳои Параселро иҳота кардаанд. Вазири хориҷаи Чин изҳороти телевизиони амрикоиро рад карда ин хабарҳоро сохтаи матбуот хонд.

XS
SM
MD
LG