Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар сарқонуни Туркманистон


Матбуот дар Туркманистон ба баррасии ҷомеа пешниҳоди ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конситутсияи ин кишварро ҳавола кардааст, ки тибқи он, мӯҳлати президентӣ тамдид ва маҳдудияти синнусолии номзад бардошта мешавад. Маъракаи расмии таблиғ рӯзи 15 феврал шурӯъ шуд ва пешниҳод ин аст, ки мӯҳлати президентӣ аз 5 то 7 сол тамдид ва маҳдудияти то 70 сола будани номзади президентӣ ҳам бардошта шавад. Нозирон мегӯянд, тағйироти мазкур ба хотири тамдиди ҳузури президенти Туркманистон Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов пешниҳод шудааст. Ӯ 9 соли охир дар сари қудрат аст. Интихоботи навбатӣ соли 2017 баргузор мешавад ва Бердимуҳаммадови 58-сола дар он сурат метавонад дубора довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ шавад.

XS
SM
MD
LG