Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар Афғонистон 2015 - як соли пурқурбонӣ буд


Николя Ҳейсом гузориши СММ-ро рӯзи 14 феврал муаррифӣ кард
Николя Ҳейсом гузориши СММ-ро рӯзи 14 феврал муаррифӣ кард

СММ мегӯяд, ки дар давоми соли 2015 дар Афғонистон 11 ҳазор сокини мулкии ин кишвар кушта шудаанд. Ин созмон, ки шурӯъ аз соли 2009 ин оморро тартиб медиҳад, мегӯяд, дар шаш соли таҳияи гузоришҳо соли 2015 бадтарин будааст. Гузоришгарони СММ мегӯянд, ки мизони куштори афроди мулкӣ дар соли гузашта аз нишондодҳои соли 2014 - 4 дар сад бештар будааст. Зиёда аз ин, соли 2015 ҳар нафари чоруми кушташуда кӯдак ва 10 дар сади қурбониҳо занон мебошанд. Гузориши СММ мегӯяд, ки мубориза бо терроризм дар маҳалҳои шаҳрнишин яке аз сабабҳои боло рафтани мизони қурбониҳо дар миёни сокинони мулкӣ шудааст. Николя Ҳейсом, намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон гуфт, осебе, ки ба мардуми мулкӣ мерасад, комилан ғайри қобили қабул аст. Дар изҳороти матбуотии Толибон хулосаҳои гузориши СММ рад шудааст, ки мегӯяд, масъули аксари қурбониҳо Толибон мебошанд.

XS
SM
MD
LG