Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон


Бираҷа Прасад
Бираҷа Прасад

Бираҷа Прасад, сафири 42-солаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон, субҳи 13 феврал дар Душанбе аз дунё даргузашт. Дар бораи сабаби даргузашти сафир хабаре пахш нашудааст.

Бираҷа Прасад ҳудуди чаҳор моҳ боз дар Тоҷикистон мақоми сафири Ҳиндустонро бар ӯҳда дошт ва эътимодномаи худро ба унвони сафир моҳи ноябри соли 2015 ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супурда буд. Масъулони сафорат мегӯянд, ки ҳоло омодагиҳо барои интиқоли ҷасади Бираҷа Прасад ба кишвараш идома дорад.

Бираҷа Прасад қабл аз омадан ба Тоҷикистон дар сафоратхонаҳои Ҳиндустон дар Испания ва Русияву Қазоқистон кор мекард. Фаъолияти дипломатии Бираҷа Прасад соли 1998 оғоз ёфта буд.

XS
SM
MD
LG