Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Истиқлол” бо “Шахтёр” дар Анталия


«Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷиширо бо “Шахтёр”-и Қарағанда бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Дастаи «Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, бозии санҷиширо бо тими “Шахтёр”-и Қарағанда, қаҳрамони дукаратаи Қазоқистон, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расонд.

Ин бозии чаҳоруми санҷишӣ дар шаҳри Анталияи Туркия дар доираи омодагии футболбозони Душанбе ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 шоми ҷумъаи 12-уми феврал баргузор шуд.

Ҳисобро Луис Фернандо Копете, бозигари “Шахтёр”, дар дақиқаи 34-ум боз кард. Баъди ҳашт дақиқа Аҳтам Назаров ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 65-ум, Руслан Кенетаев голи дувуми “Шахтёр”-ро ба ҳадаф расонд. Пас аз даҳ дақиқа ба Акмал Холматов муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд.

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ШАХТЁР» (ҚАЗОҚИСТОН) – 2:2

Голҳо: Луис Фернандо Копете, 34 (0:1). Аҳтам Назаров, 42 (1:1). Руслан Кенетаев, 65 (1:2). Акмал Холматов, 75 (2:2).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Давронҷон Эргашев (Сиёвуш Асроров, 46), Петро Ковалчук, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов (капитан), Парвизҷон Умарбоев (Александр Каблаш, 46), Дилшод Восиев (Фаридун Шарифов, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Аҳтам Назаров (Акмал Холматов, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 68).

«Шахтёр» (Қарағанда, Қазоқистон): Рушинас, Габишев, Фернандо (Дубков, 71), Арзуманян (Киров, 46), Горячий, Пикалкин, Пепе (Осей, 55), Ермеков (Кенетаев, 46), Ягуби, Зенели, Воробёв (Ветров, 63).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

12 феврал. Анталия. Майдони тамринии мееҳмонхонаи «Мардон палас».

Ин бозии чаҳоруми санҷишии «Истиқлол” дар Анталия буд. Футболбозони тоҷик бозии аввали санҷиширо ба тими “Варда”-и Маҷористон бо ҳисоби 1:3 бохта буданд. Бозии дувуми санҷишии «Истиқлол” бо “Тараз”-и Қазоқистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт. «Истиқлол” дар бозии севуми санҷишӣ “Виттлих”-и Олмонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ба “Озодӣ” гуфт, “ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталия рӯзи 14 феврал ба анҷом мерасад. Бозии “Истиқлол” бо дастаи “Шахтёр»-и Қарағанда охирин бозии санҷишии даста дар Туркия буд.”

Бояд гуфт, ки “Истиқлол” дар даҳ бозии санҷишии имсола шаш бозиро мусовӣ карда, дар се бозӣ мағлуб гашта, танҳо дар як бозӣ пирӯз шудааст. Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

1. “Истиқлол” – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) – 1:2 (7 январ, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ).

2.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:1 (12 январ, Қайроққум, Варзишгоҳи “Бонки миллӣ”).

3.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 2:2 (15 январ, Қайроққум, Варзишгоҳи “Бонки миллӣ”).

4.“Истиқлол” - “Олмалиқ” (Узбакистон) -1:1 (19 январ, Тошканд, Варзишгоҳи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”).

5.“Истиқлол” - “Нефтчӣ” (Фарғона) - 0:1 (21 январ, Тошканд, Варзишгоҳи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”).

6.“Истиқлол” – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 1:1 (29 январ, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ).

7.“Истиқлол” – “Варда” (Маҷористон) – 1:3 (3 феврал, Туркия, Анталия).

8.“Истиқлол” – “Тараз” (Қазоқистон) – 2:2 (6 феврал, Туркия, Анталия).

9.“Истиқлол” – “Виттлих” (Олмон) – 4:0 (9 феврал, Туркия, Анталия).

10.“Истиқлол” Шахтёр” (Қазоқистон) 2:2 (12 феврал, Туркия, Анталия).

Баъди бозгашт аз Туркия “Истиқлол” дар нахустин даври сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 рӯзи сешанбеи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими “Ал Файсалӣ”-и Урдун бозӣ мекунад.

Доварони бозии “Истиқлол” - “Ал Файсалӣ” аз Ветнам мебошанд. Довари ФИФА Во Мин Три сардовар, ёваронаш Пам Ман Лонг ва Нгуен Трунг Хау таъин шудаанд. Ферас Тавили суриягӣ довари эҳтиётӣ, Юсуф Мирзо Рустам аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ мебошанд.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи» (Лубнон) рақобат мекунад.

Ҷоми AFC-2016. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

23 феврал (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) –«Триполи» (Лубнон)

Даври 2-юм

8 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) –«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

XS
SM
MD
LG