Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина пахши 15 шабакаи дигари Русияро манъ кард


Дар Украина сар аз 11 феврал пахши кабелии 15 шабакаи телевизионии Русия, аз ҷумла "Совершенно Секретно", "Кухня ТВ", "Авто плюс", "Боец", "Шансон ТВ" ва "Наука 2.0" манъ шуд.

Дар ин бора Шӯрои миллии телевизиониву радиоии Украина хабар медиҳад.

Шӯрои миллӣ гуфтааст, ин шабакаҳо қонуни Украинаро дар бораи таблиғот вайрон карда: ҳамчунин афродеро дар барномаҳояшон намоиш додаанд, ки дар рӯйхати афроди таҳдидкунанда ба амнияти миллии Украина ҳастанд.

Пахши аксари шабакаҳои телевизионии Русия дар Украина баҳори соли 2014 манъ шуда буд. Ҳамчунин намоиши филмҳое, ки "қудрати нерӯҳои ҳарбӣ ва нерӯҳои вижаи Русияро" тарғиб мекунанд, эҷодкороне, ки сиёсати Русия дар нисбати Украина ва ба вижа ғасби Қримро пуштибонӣ менамоянд, дар Украина манъ шудаанд.

XS
SM
MD
LG