Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти 852 300 тонна гандум аз Қазоқистон


Қазоқистон дар соли 2015 танҳо ба Тоҷикистон 852 300 тонна гандум содир кардааст. Бино ба гузориши кумитаи назорати гумрукии вазорати молияи Қазоқистон, ин кишвар дар маҷмӯъ дар соли гузашта ба хориҷ 3 миллиону 133 ҳазор тонна гандуму анвоъи дигари ғалладона, бо шумули ҷав, фурӯхтааст. Узбакистон аз Қазоқистон 1 миллиону 322 ҳазор тонна гандум ва Қирғизистон 254 ҳазор тонна гандум ворид кардаанд. Тоҷикистон солона ба тақрибан якуним миллион тонна гандуму орд эҳтиёҷ дорад, вале тавлидоти дохилиаш танҳо нисфи эҳтиёҷоташро бароварда мекунад.

XS
SM
MD
LG