Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо дахолати Э.Раҳмон як сол аз ҳабси Гулмуродзода кам шудааст


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон як сол аз замони ҳабси Аминҷон Гулмуродзода кам карда шудааст.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон як сол аз замони ҳабси хабарнигори сомонаи "Фараж" Аминҷон Гулмуродзода кам карда шудааст. Ин хабарнигори тоҷик тобистони соли гузашта бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду сол равонаи зиндон шуда буд.

Наздикони Аминҷон Гулмуродзода рӯзи 9 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи кам шудани мӯҳлати ҷазои ӯ хабарномаи расмии вазорати корҳои дохилиро дастрас кардаанд. Дар номаи Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД бо имзои полковники милиса Ҳалимзода Ҷ. Д. аз 2 феврали соли ҷорӣ, ки ба дасти Озодӣ низ расид, таъкид шудааст, "бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Аминҷон Гулмуродзода Пайванд бахшида шуда, як соли муддати боқимондаи ҷазои ӯ кам карда шудааст."

Ин ниҳоди қудратии Тоҷикистон номаро ба унвонии Аюбов Ҳ. Н., вакили дифои созмони "Сипар" фиристода, аммо нагуфтааст, ки фармони раисиҷумҳур кай содир шудааст?

Пайвандони Гулмуродзода низ мегӯянд, ки ҳарчанд худи ӯ ва ҳамсару додараш барои раҳоии хабарнигори тоҷик ба дастгоҳи иҷроияи президент муроҷиат кардаанд, аммо намедонанд, кам шудани муҳлати ҷазои ӯ ба номаҳои онҳо иртибот дорад ва ё мақомот дар ин маврид тасмими дигар гирифтаанд.

Рӯзи 18 августи соли гузашта додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминҷон Гулмуродзодаро бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар" гунаҳкор ва барои ду сол равони зиндони низомаш умумӣ кард. Баъдан Аминҷон Гулмуродзода дар аризаи шикоятии худ аз додгоҳи Душанбе хоста буд, то ҳукми содиркардаи додраси додгоҳи Сомониро бо сабаби “ғайримунсифона” будан, бозбинӣ кунанд.

Мурофиаи бозбинии парвандаи журналист Аминҷон Гулмуродзода рӯзи 30 сентябри соли гузашта дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуда, Аминчон дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, “аслан гуноҳ надорад ва ӯро барои одам буданаш суд кардаанд". Ҳамчунин, Гулмуродзода ҳукми додгоҳи ноҳияи Сомониро хандаовар ва беасос гуфта буд.

Бо ин вуҷуд додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро дар нисбати Аминҷон Гулмуродзода бидуни тағйир гузошт.

Аминҷон Гулмуродзода, фарзанди Пайванди Гулмурод, номзади илми филологӣ ва бунёдгузори Рӯзи матбуоти тоҷик мебошад. Пайванди Гулмуродзода моҳи апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб вафот кард.

XS
SM
MD
LG