Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 узви ДОИШ дар Русия боздошт шудаанд


Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ мегӯяд, ки кормандони онҳо 7 нафар узви гурӯҳи тундрави Давлати Исломиро дар шаҳри Екатеринбурги Урал боздошт кардаанд.

ФСБ мегӯяд, ин ҳафт нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия мебошанд ва 7 феврал боздошт шудаанд.

Бар асоси ин хабар, гурӯҳи мазкур ба нақша гирифта будааст, ки бо маводи худсохти тарканда “дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва дар вилояти Свердловски Урал ба мақомоти баландпоя ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад”

Раҳбарии ин гурӯҳро як узви гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ бар уҳда доштааст, ки аз Туркия ба Русия омадааст.

XS
SM
MD
LG