Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон


Дидори руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Покистон дар Исломобод дар моҳи ноябри сои гузашта
Дидори руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Покистон дар Исломобод дар моҳи ноябри сои гузашта

Дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба ҳадафи ширкат дар машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Покисто, имрӯз душанбеи 8 феврал ҳайате дар раъси Амҷад Ҳусайн Б.Сиал, котиби махсуси Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон масоили вазъ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар, авзои минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон то таърихи 11 феврал идома хоҳад кард.

Ин машваратҳо дар ҳоле дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ки ҳар ду ҷониб ба таҳкими равобиту ҳамкориҳои дар бахшҳои мухталиф, ба хусус сиёсӣ алоқаманданд.

Дар дидори раҳбарони Тоҷикистону Покистон, ки тобистони соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, ҷонибҳо ба густариши муборизаи муштарак бо терроризм ва тундгароӣ таъкид карда буданд.

Бо таъкид ба имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои кишвараш бо Покистонро як риштаи муҳим хонда буд.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот, ки ба дунболаш ҳайатҳои густардаи ду тараф низ музокирот барпо намуданд, гуфта шуд, ки дар "10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 млн. доллари амрикоӣ расидааст. Ҳар ду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба 500 млн. доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт."

XS
SM
MD
LG