Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Эрдуғон ба сафари Макгерк ба Кубонӣ


Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ташрифи дипломати воломақоми амрикоӣ аз шаҳри Кубонии Сурия, ки таҳти назорати мусаллаҳони курд қарор дорад, изҳори нороҳатӣ кард.

Дар изҳороти раҳбари Туркия, ки рӯзи 7 феврал нашр шуд, аз ҷумла, омадааст, Вашингтон миёни Анкара ва ҳизби "Иттиҳоди демократӣ"-и таъсискардаи курдҳои Сурия бояд якеро интихоб кунад. Эрдуғон суол кардааст, дар бораи кадом эътимод сухан меравад, дар ҳоле, ки то ҳол маълум нест Амрико киро ҳампаймон мехонад - Туркияро ё "террористҳои Кубони"-ро?

Аз ин пеш хабар расид, ки Бретт Макгерк, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА, аз манотиқи курднишини шимоли Сурия дидан карда, бо аъзои раёсати ҳизби "Иттиҳоди демократӣ" мулоқот доштааст. Мақомоти Туркия мегӯянд, ин ҳизб вобастаи Ҳизби Коргарони Курдистон аст, ки дар Туркия мамнӯъ эълон шудааст.

Ҷиноҳи низомии ҳизби "Иттиҳоди демократӣ" як сол пеш бо кӯмаки ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА мусаллаҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро аз Кубонӣ берун кард.

Ҳадафи сафари дипломати воломақоми амрикоӣ - арзёбии талошҳои Эътилоф алайҳи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Сурия ва Ироқ буд.

XS
SM
MD
LG