Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: Анкара ба таҷовузи Сурия омода мешавад


Маскав ҳадс мезанад, ки Анкара тарҳи таҷовузи низомӣ ба Сурияро тарҳрезӣ кардааст. Намояндаи вазорати дифои Русия Игор Конашенков рӯзи 4 феврал гуфт, ки шубҳаҳои Маскав появу бунёди ҷиддӣ доранд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав генерали рус афзуд, мо ҳарчӣ бештар далелҳои омодагиҳои пинҳонии нерӯҳои мусаллаҳи Туркия барои амалиёти низомӣ дар Сурияро сабт мекунем. Қаблан вазорат наворҳои видеоӣ дар бораи аз сӯи тӯпхонаи Туркия гулулаборон шудани манотиқи аҳолинишини вилояти Лозиқияро ироа карда буд, гуфт Игор Конашенков.

Муносибати Русияву Туркия баъд аз он сард шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта низомиёни турк як ҳавопаймои низомии русиро дар ҳарими ҳавоии кишвар суқут доданд. 29 январ Анкара бори дигар изҳор намуд, ки ҳавопаймоҳои русӣ ҳарими ҳавоии Туркияро халалдор кардаанд. Русия инро рад кард.

XS
SM
MD
LG