Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи Комиссиюни ҳуқуқи башар фаъол шуд


Рӯзи 4 феврал дар Интернет сомонаи нави Комиссиюни назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар ба кор шурӯъ кард.

Дар ин вебсайт ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои СММ дар масоили ҳуқуқи башар, гузоришҳои ҳукумат дар ин масоил, ки ба баррасии СММ пешниҳод шудаанд ва маводи дигар нашр мешаванд.

Хонандагони вебсайт метавонанд ҳамчунин фикру пешниҳод ва шикоятҳои худро аз мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон дар кишвар ирсол кунанд.

Муаллифон мегӯянд, ки сайти нав метавонад на танҳо ба шаффофтар шудани кори мақомоти ҳукуматӣ дар амри мубориза бо поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, балки барои ҳамкории ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат кунанд.

XS
SM
MD
LG