Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: "Хатари ҷанг бо Русия бештар шудааст"


Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, хатари ҷанги ошкор бо Русия нисбат ба як соли пеш бештар шудааст. Вай дар мусоҳибае бо рӯзномаи олмонии Вild, ки 3 феврал ба нашр расидааст мегӯяд, ки Русия “ҳатто як моддаи тавофуқоти Минскро иҷро накардааст”.

Ин тавофуқот, ки аз риояти оташбас ва иҷрои нақшаҳои сулҳ иборат аст, бояд ба даргириҳо дар шарқи Украина хотима бахшад.

Порошенко мегӯяд, “вале мо мебинем, ки 8 ҳазор сарбози рус бо фармондеҳони худ дар қаламрави мо қарор доранд ва дар имтидоди марзҳои мо низомиёни нав дида мешавад. Доимо машқҳои низомӣ мушоҳида мешаванд”.

Порошенко ин нуктаро рӯзи 1 феврал дар Берлин дар мулоқот бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон изҳор дошт. Вай афзуд,”дар омодагиҳо ба ҷанг Русия ба таври қобили мулоҳиза сармоягузорӣ мекунад. Ҳоло Путин бар зидди Олмон низ ҷанги иттилоотиро оғоз кардааст”.

XS
SM
MD
LG