Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳари Азиз Батукаев боздошт шуд


Азиз Батукаев
Азиз Батукаев

Хоҳари Азиз Батукаев-раҳбари маъруфи олами ҷиноии Қирғизистон дар Русия бо маводи мухаддир боздошт шудааст. Вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Яха Батукаеваи 54 сола дар шаҳри Челябинск бо 30 кило маводи мухаддир боздошт шудааст.

Якҷо бо хонум Батукаева як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Шветсия низ боздошт шудаанд. Дар бораи замони боздошти ин се нафар чизе гуфта намешавад.

Раҳоии барвақти Азиз Батукаев аз зиндоне дар Қирғизистон дар соли 2013 боиси муноқиша ва истеъфои Шамил Атаханов-муовини нахуствазири кишвар ва барканории Омбудсмени Қирғизистон аз мақомаш шуд.

Батукаев аслан чечентабор аст ва соли 2006 барои 17 сол маҳкум ба зиндон шуд. Вайро барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштори яке аз намояндагони порламон ва як корманди вазорати корҳои дохила гунаҳгор медонанд.

Батукаевро соли 2013 аз зиндон раҳо карданд ва гуфтанд, ки вай аз бемории саратони хун ранҷ мебарад. Вале баъдтар дақиқ шуд, ки хулосаҳои тиббӣ дуруғ будаанд. Вай баъд аз раҳоӣ ба Русия фирор кард, вале баъдтар барои бо худ доштани силоҳи ғайриқонунӣ дубора боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG