Пайвандҳои дастрасӣ

Анкара хостори афзоиши кӯмаки Брюссел шуд


Туркия барои афзоиши ҳаҷми кӯмаки молиявӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ба хотири ҳалли мушкилоти марбут ба бӯҳрони муҳоҷират пойфишорӣ дорад.

Нашрияи олмонии Die Weltрӯзи 30 январ, бо такя ба як мансабдори воломақоми Иттиҳодияи Аврупо навишт, ки Анкара хостори дарёфти панҷ миллиард евро шудааст, дар ҳоле, ки қаблан Брюссел барои ироаи 3 миллиард евро ба Туркия ба ивази ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ба Аврупо Ғарбӣ изҳори омодагӣ карда буд.

Ба иттилои Идораи умури паноҳандагони СММ, аз 1 то 28 январи соли равон 54 ҳазор фирориён тавассути Туркия вориди Юнон шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG