Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финландия муҳоҷиронро ихроҷ мекунад


Баъд аз як рӯзи эълони тасмими Шветсия дар бораи ихроҷи тақрибан 80 ҳазор нафар муҳоҷирони хориҷӣ интизор меравад, ки Финландия низ дар бораи ихроҷи 20 ҳазор муҳоҷир тасмим бигирад. Ин 20 ҳазор муҳоҷир аз ҷумлаи 32 ҳазор муҳоҷире мебошанд, ки дар Финландия паноҳ ёфтаанд.

Хонум Пейвӣ Нерг-вазири корҳои дохилаи Финландия гуфтааст, ки кишварҳои скандинавӣ аз ду ҳиссаи дархостҳое, ки дар давоми соли 2015 барои паноҳандагӣ дода буданд, як ҳиссаашро қабул нахоҳанд кард.

Хонум Пейвӣ гуфт, солҳои гузашта 60 дарсади дархостҳои паноҳандагӣ рад шуда буданд ва ҳоло ин кишварҳо муқарраротро барои афғонҳову ироқиҳо ва сомалиҳо сахттар кардаанд.

Ҳоло Финландия бо Русия музокира анҷом медиҳад, то вуруди муҳоҷирон тавассути минтақаи Арктикаро мамнуъ кунад.

XS
SM
MD
LG