Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти 160 ҳазор соҳибкор дар панҷ сол


Масъулони Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи панҷ соли охир 160 ҳазор соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро дар кишвар қатъ кардаанд. Қаблан ҳамин кумита дар натиҷагирии фаъолияти нӯҳмоҳаи худ дар соли гузашта гуфта буд, ки ба иттилои онҳо танҳо аз моҳи январ то октябри 2015 беш аз 20 ҳазор соҳибкори инфиродӣ иҷозаномаашонро бекор намудаанд.

Рӯзи 25 январ Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, низ дар ин бора изҳори назар карда ва гуфт, теъдоди соҳибкороне, ки корашонро дар соли гузашта қатъ кардаанд, ба 22 ҳазор нафар мерасад.

Бархе аз соҳибкорон мегӯянд, якчанд омил, аз ҷумла болоравии арзиши доллар нисбат ба сомонӣ, афзудани фоизи қарзҳои бонкӣ ва зиёд шудан сарбории андоз онҳоро ба тарки соҳибкорӣ водор кардааст.

Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди онҳое, ки риштаи корашонро иваз мекунанд ва дигарбора сабтином мешаванд, низ кам нестанд ва аз ин рӯ бо қатъият намешавад, гуфт, ки кулли ин соҳибкороне, ки патент ё шаҳодатномаи соҳибкориашонро бекор кардаанд, тарки ин пеша намудаанд. Ҳамчунин кам нестанд, соҳибкороне, ки сармояи худро ба кишварҳои дигар интиқол медиҳанд ва пояҳои тиҷорати худро дар он ҷо мегузоранд, то аз андозҳои зиёд халос шаванд.

XS
SM
MD
LG