Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод мизбони нишасти "чоргона" мешавад


Вазорати умури хориҷии Покистон хабар дод, ки намояндагони чаҳор кишвар – Афғонистон, Покистон, ИМА ва Чин моҳи оянда дар Исломобод баррасии мавзӯи ташкили музокироти сулҳ миёни ҳукумати Кобул ва ҷунбиши “Толибон”-ро идома хоҳанд дод.

Сухангӯи вазорат Қозӣ Халилуллоҳ рӯзи 28 январ гуфт, ки қарор аст ҳайатҳои рӯзи 6 феврал дар Исломобод ҷамъ оянд ва “харитаи роҳ”-и мусоидат ба гуфтушунидро таҳия кунанд. Ин саввумин нишасти "чаҳоргона" дар ҳафтаҳои ахир хоҳад буд. Ду мулоқоти пешӣ дар Исломобод ва Кобул баргузор шуданд.

Қозӣ Халилуллоҳ ҳамчунин гуфт, ки қарор аст ба зудӣ нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба хотири мусоидат ба ташкили музокироти миёни Кобулу “Толибон” ба Қатар сафар кунад. Як рӯз пеш ҷунбиши “Толибон” хабар дода буд, ки фақат намояндагии онҳо дар шаҳри Доҳаи Қатар ҳаққи аз номи ин созмон музокирот карданро дорад.

Охири ҳафтаи гузашта толибон шартҳои худ барои бо ҳукумати Кобул пушти мизи музокирот нишастанро эълон карданд. Онҳо талаб доранд, ки гурӯҳе аз ҷонибдоронашон аз зиндонҳо озод шаванд. Феҳристи СММ дар бораи бастани ҳисобҳои бонкии онҳо бекор карда шавад. Зиёда аз ин, раҳбарони ҷунбиш бояд иҷозаи сафарҳои хориҷиро дошта бошанд ва Толибон ба унвони як созмони сиёсӣ ба таври расмӣ эътироф шавад.

XS
SM
MD
LG