Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии "Хуҷанд" ба бозӣ бо "Аҳлӣ Ал-Халил"


“Хуҷанд”-и Хуҷанд ба бозии интихобии Ҷоми AFC-2016 бо «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин омодагӣ мегирад.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ба давраи дувуми омодагиҳо ба бозии интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин рӯзи чоршанбеи 27 январ оғоз намуд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсуфов дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ҷараён дорад.

Дар доираи машқҳо “Хуҷанд” баргузории ду бозии санҷиширо ба нақша гирифтааст. Бозии аввали футболбозони Хуҷанд рӯзи ҷумъаи 29 январ бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 15:00 шурӯъ мешавад. Ҳарифи дувуми “Хуҷанд” барои бозии санҷишӣ дертар маълум хоҳад шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Хуҷанд”, даста дар Душанбе то рӯзи 5 феврал тамрин мекунад. Баъдан “Хуҷанд” рӯзи 6 феврал тавассути ҳавопаймо ба Дубай ва аз он ҷо ба Фаластин парвоз хоҳад кард.

Бозии «Хуҷанд» бо бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил» 9-уми феврал дар шаҳри Ҳеврони Фаластин баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хуҷанд” дар сабқати гурӯҳи «D» бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ҳайати дастаи “Хуҷанд” имсол аз ҳисоби бозигарони нав, ба монанди дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва ҳимоятгар Эраҷ Раҷабов (ҳарду аз “Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгарони мунтахаби миллии Тоҷикистон Далерҷон Тухтасунов ва Манучеҳр Аҳмадов, нимҳимоятгарон Абдусамад Ҳоҷибоев ва Илҳомҷон Баротов (ҳарду аз “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан) пурра гардидааст.

XS
SM
MD
LG