Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси толибон даҳ полиси афғонро кушт


Як корманди тақаллубии полиси афғон аввал даҳ полисро бо маводи мухаддир мадҳӯш кард ва сипас онҳоро тирборон намуд. Гуфта мешавад, ки ин дуввумин ҳодиса бо ширкати ҷосуси эҳтимолии ҷунбиши “Толибон” дар вилояти Урузгон дар ду ҳафтаи ахир аст.

Мақомоти амниятии вилоят рӯзи 26 январ гуфтанд, ки ҷустуҷӯи қотили кормандони полис идома дорад.

Намояндаи толибон рӯзи сешанбе рӯй додани ин ҳодисаро тасдиқ кард ва афзуд, ки мусаллаҳони гурӯҳ ҳамчунин қароргоҳи пулис дар ноҳияи Чинорторо ишғол намуданд.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки талошҳо барои ташкили музокироти сулҳи ҳукумат ва ситезаҷӯёни толиб идома доранд. Ҳамлаи сарбозон ё кормандони полиси афғон ба ҳамяроқҳои худ ва нерӯҳои байнулмилалӣ аз мушкилиҳои умда тайи солҳои ҳузури НАТО дар Афғонистон маҳсуб мешуд. Бештари ҳамлагарон гумоштаҳои толибон буданд.

Дар ҳамин гуна ҳамла, ки дар вилояти Урузгон рӯзи 17 январ аз сӯи як ҷосуси толибон сурат гирифта буд, нӯҳ тан аз кормандони полиси афғон ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG